Кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷумлаи кишварҳои осебпазир дар пешоруйи тағйирёбии иқлим дар миқёси қитъаи Осиё мебошанд. Мутобиқ ба тадқиқот дар сад соли охир ҳарорати ҳавои қитъа ҳудуди 1 дараҷа  гармтар шудааст.  Иқлим ба шиддат дар ҳолати тағйирёбист ва кишварҳои минтақа алакай норасоии захираҳои обиро башиддат эҳсос карда, заминҳои зиёде аз норасоии об беҳосил шудаанд.

Дар навбати худ, тағйирёбии иқлим дар соҳаи кишоварзӣ низ таъсири амиқ гузоштааст ва паёмадҳои он дар рӯзгори аз се ду њиссаи аҳолӣ мушоҳида мешавад. Зимистони қаҳратун, тобистони ниҳоят гарм, камобӣ, хушксолӣ, нобуд шудани ҳосили киштзор ва норасоии маводди ғизоӣ ‒ аз ҷумлаи нишонаҳои тағйироти иқлим аст, ки солҳои охир кишоварзон бо он рӯ ба рӯ ҳастанд.

Ҳукуматшо Шарифов ‒ мутахасиси бахши кишоварзӣ дар гурӯҳи татбиқи Лоиҳаи тағйирёбии иқлим дар назди Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон мегӯяд: “Яке аз вазифаҳои асосӣ мутобиқсозии ҷомеа ба тағйироти иқлим аст, то ки ба хатароти он: камбизоатӣ, хушксолӣ ва беҳосилӣ рӯ ба рӯ нашавем. Бояд аз имрӯз ба ин хатарот омода шавему технологияҳои навро дар зиндагии рӯзмараамон ҷорӣ созем”.

Барои ҷорӣ кардани ин технологияҳо маблағ ва низоми хос зарур аст. Бо кумаки созмонҳои байналмилалӣ ин раванд то андозае дар хоҷагиҳои деҳқонӣ татбиқ мешавад. Яке аз он танзими тақсимоти об ва истифодаи дурусти он дар миёни хоҷагиҳои деҳқонӣ мебошад. Бо истифода аз обёрии қатраӣ об сарфаҷӯйӣ мешавад, замин аз шӯразоршавӣ ва кафидану сафолакшавӣ эмин мемонад. Ё ин ки кишти тасмагии зироатҳо дар нишебиҳо эрозияи калони замини кишоварзиро то 30% кам мекунад.

Ба ақидаи коршиносони байнулмилалӣ, дар натиҷаи баланд шудани ҳарорати гармӣ ва кам шудани захираҳои обӣ истеҳсолот дар соҳаи кишоварзӣ ҳудуди 30% коҳиш меёбад. Аҳолӣ беш аз пеш бештар мешавад ва табиист, ки талабот ба истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ низ зиёд мешавад. Хушксолӣ низ тайи чанд соли ахир ба соҳаи кишоварзӣ хисороти чашмрасро ворид месозад.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ бо мақсади мутобиқ гардондани кишварҳои Осиёи Марказӣ ба тағйирёбии иқлим лоиҳаи минтақавиеро бо номи «Барномаи мутобиқсозии иқлим ва осебпазирии ҳавзаи баҳри Арал (CAMP4ASB)» роҳандозӣ кардаанд, ки яке аз бахшҳои он «Қарзҳои иқлимӣ» мебошад.

Ба гуфтаи Гаяне Миясан, мутахассиси пешбари ҳифзи муҳити зист, ҳамоҳангсози фаннии барномаи  CAMP4ASB бахши “Қарзҳои иқлимӣ” бо мақсади афзоиши маҳсулот, беҳтар намудани шароити зиндагӣ ва ҳалли паёмадҳои тағйирёбии иқлим таъсис шудааст.  Ӯ мегуяд: “Мо ба воситаи хизматрасонии қарздиҳӣ ба деҳқонон кӯшиш мекунем, технологияҳои муосирро, ки ба тағйирёбии иқлим мутобиқ шудаанд, ҷорӣ кунем. Масалан, рушди гармхонаҳо, муҷаҳҳаз гардондани заминҳои кишоварзӣ бо системаи обёрӣ, обёрии қатраӣ ва ғайра”.

Мутобиқи нақшаи ин барнома, бо роҳи пешниҳод кардани қарзҳо барои деҳқонон технология ва таҷрибаҳи навро, ки ба тағйирёбии иқлим мутобиқ карда шудаанд, дастрас карда, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баланд бардошта мешавад ва захираҳои обу заминро аз таъсири манфъӣ эмин медоранд.

Дар доираи хати қарзии лоиҳаи мазкур барои Тоҷикистон 7 720 000 доллари ИМА муайян шуда, фаъолияти он аз феврали соли 2017 оғоз шудааст. Маркази татбиқи лоиҳаҳои назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қисмати хати қарзии онро бар уҳда дорад.

Тибқи итилои Сиёвуш Бобохонов, мушовир оид ба қарзи Маркази татбиқи лоиҳаҳои назди Вазорати молияи кишвар, то имрӯз 3000 деҳқон бо маблағи қарзӣ таъмин карда шуданд, ки аз он 800 нафар зан мебошад. Мақсади асосӣ ин рушди соҳаи кишоварзӣ, рустанипарварӣ, кишти рустаниҳои ба тағйирёбии иқлим тобовар, самарнок истифода бурдана захираҳои обӣ, энергетикӣ, бунёди гармхонаҳо, чорводорӣ, парандапарварӣ, истифодаи теххнологияи муосир барои мутобиқгардонии хоҷагии деҳот ба тағйирёбии иқлим мебошад. Механизми қарздиҳӣ дар доираи лоиҳаи мазкур аз 1 то 5 сол тариқи ташкилотҳои қарзии ТАҚХ «Ҳумо», ТАҚХ «Арванд» ва ТАҚХ «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» амалӣ мешавад.

Ба воситаи рушди сармоягузорӣ дар соҳаи муҳити зисти Тоҷикистон то имрӯз 4,956,803 доллари ИМА, ки 64% маблағҳои ҷудошударо ташкил медиҳад, мавриди истифодаи деҳқонон  қарор гирифта, ҳудуи 8 000 гектар замини кишоварзиро таҳти пушиш қарор додааст. Бахши «Қарзҳои иқлимӣ» дар вилояти Суғд, Хатлон ва НТМ роҳандозӣ мешаванд.

Қарзи имтиёзноке, ки Сафармуҳамад Бобоев, сокини ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд тариқи Барномаи мутобиқсозии иқлим ва осебпазирии ҳавзаи баҳри Арал (CAMP4ASB) ва Бонки “Имон интернешнл” соли 2017 гирифтааст, барояш имкон дод, ки ҳаҷми замини корамашро аз 0.5 га то 3 гектар зиёд гардонад. Дар ҳоли ҳозир ӯ аз ҳар гектари заминҳояш то 250-300 сентнер маҳсулот ба даст оварда, 10 зани деҳаашро бо кори доимӣ таъмин кардааст.

Сафармуҳаммад асосан картошка ва гандум парвариш мекунад. Ӯ мегӯяд: “Солҳои охир иқлими саёра хеле тағйир кардааст. Дамои ҳаво хеле гарм шудаст. Ман ният дорам соли оянда тухмиҳоеро бикорам, ки ба гармӣ тобоваранд. Ҳамчунин аз истифодаи нуриҳои маданӣ даст кашида, аз нуриҳои табии истифода барам, то маҳсулоти тозаву беолоишро ба даст биёрам.

Чунин раванди тағйирёбии иқлим ва афзоиши аҳолии минтақаи Осиё алакай дар даҳсолаи наздик захираҳои обиро 3 баробар кам мекунад. Ин омор барои онҳое, ки зиндагӣ ва рӯзгорашон ба об иртиботи бевосита дорад, хатари ҷиддӣ дорад. Бояд гуфт, ки мутахассисони кишоварзӣ ва коршиносони байнулмилалӣ дар бобати коҳиш додани оқибатҳои харобиовари тағйироти иқлим барномаҳои ҷиддиро рӯйи даст гирифтаанд, ки дар сурати амалӣ кардани онҳо натиҷаҳои корсоз ба даст хоҳад омад.

Шаҳноз Комилзода

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here