Дар чаҳорчӯби барномаи CAMP4ASB рӯзҳои 3-4-уми апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Тошканди ҷумҳурии Узбекистон чорабинии дурӯза дар доираи Конфронси Осиёи Марказӣ дар масъалаҳои тағйирёбии иқлим баргузор шуд.

Дар кори конфронс беш аз 300 нафар намояндаи ташкилотҳои ҳукуматӣ ва маориф, ҷамъиятҳои илмӣ, ҷавонон, шарикони байнулмилалӣ ва минтақавӣ, бонкҳои чандҷонибаи рушд ва созмонҳои ҷомеаи маданӣ, ки дар арсаи тағйирёбии иқлим фаъолият мекунанд, иштирок карданд.

Дар рафти Конфронси Осиёи Марказӣ дар масъалаҳои тағйирёбии иқлим ‒ 2019 5 ҷаласаи пленарӣ баргузор шуд: 1. Сиёсати глобалии иқлимӣ ва уҳдадориҳои миллӣ; 2. Таъсири тағйирёбии иқлим ва мутобиқат ба заминаи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ; 3. Хадамоти иқлимӣ; 5. Сармоягузории иқлимӣ.

Кишвари мо ‒ Тоҷикистонро дар ин конфронс ҳайате иборат аз 50 нафар бо роҳбарии Каримҷон Абдуалимов ‒ муовини директори Оҷонсии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ муарифӣ кард.

Роҳбари ҳайти тоҷикистонӣ пас аз бозгашт, дар бораи ҷанбаҳои муҳимми конфронс, ки ба Тоҷикистон тааллуқ доштанд, нақл кард. Каримҷон Абдуалимов қайд кард, ки мунтазам баргузор кардани Конфронси Осиёи Марказӣ дар масъалаҳои тағйирёбии иқлим хеле муҳим аст. Ин чорабинӣ талоши кишварҳоро барои мутобиқат ва кам кардани таъсироти манфии тағйирёбии иқлим муттаҳид мекунад. «Дар рӯзи аввали конфронс намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар бораи корҳои дар кишварҳояшон анҷомдода гузориш доданд. Қобили қайд аст, ки Тоҷикистон дар соли 2009-ум чун кишвари пилотӣ барои мутобиқгардонии тағйироти иқлим (АИК) интихоб шуда буд.

Дар дорираи ин барнома, ҳамчунин лоиҳаи идоракунии устувори экологии захираҳои заминӣ ва беҳтар гардондани пуштибонии ҳаёт дар деҳот ва Барномаи мутобиқгардонӣ ба тағйироти иқлим ва коҳиш додани оқибатҳои он дар ҳавзаи баҳри Арал (CAMP4ASB) ҳудуди 10 адад лоиҳаи калон пешниҳод шуда буд, ки ҳама арсаҳои кишвари моро фаро мегирифтанд. Яке аз лоиҳаҳо ба навсозии ҳолати гидрометерологии омӯзиши дарёи Панҷ, навсозии системаи гидроэнергетикии НБО Қайроққум, таъмини дастгоҳу таҷҳизот, баланд бардоштани сатҳи маърифати мардум дар мавриди тағйироти иқлим равона шуда буд. Ғайр аз ин, дар доираи лоиҳаи «Фонди иқлими сабз дар давраи солҳои 2018-2019» корҳои зиёд анҷом дода шудааст».

То имрӯз марҳилаи инкишофи хадамоти иқлимӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ бартараф кардани як қатор мушкилотро, ки ба дарки таваккулияи иқлим дар мафҳумҳои экологӣ ва иҷтимоӣ-иқтисодӣ марбутанд, тақозо мекунад. Қобили қайд аст, ки ба хадамоти иқлимӣ маълумот дар бораи ҳолати амалии обу ҳаво, тамоюлоти иқлимӣ, маълумот ва ахбори таърихӣ доир ба ҳаҷми ҳолатҳои метереологӣ, огоҳ кардан аз воқеаҳои нохуш ва хатарноки табиӣ дохил мешаванд. Дар баробари ин, аз хадамоти иқлимӣ ҳама қишрҳои гуногуни ҷомеа, аз сиёсатмадор то соҳибкор истифода мекунанд.

Каримҷон Абдуалимов ‒ муовини директори Оҷонсии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ ба мо дар бораи дар кадом сатҳ қарор доштани хадамоти иқлимии Тоҷикистон нақл кард: «Кишварҳои Осиёи Марказӣ бо минтақаҳои гуногуни микроиқлимӣ ва захираҳои табиӣ мушаххас шудаанд. Тоҷикистон чун кишвари кӯҳистонӣ дорои махсусиятҳои ҷудогона мебошад. Яке аз муҳимтарин хусусиятҳои хадамоти иқлимӣ таъмини аҳолӣ бо пешгӯйии офатҳои табиӣ мебошад. Огоҳии пешакӣ ба пешгирӣ ё кам кардани хисороти офати табиӣ, наҷоти ҷони одамон, инчунин кам шудани ҳаҷми хисороти дороӣ ва муҳити атроф аз ҳисоби роҳбарии муваффақонаи таваккулият сабаб мешавад.

Дар чаҳорчӯби фаъолияти фаврӣ мо хадамоти иқлимиро вобаста ба гурӯҳҳои муштариён ба: бахши энергетикӣ, кишоварзӣ, хоҷагии об, тандурустӣ, шаҳрсозӣ ва фаъолияти мудофиавӣ ҷудо кардем. Вобаста ба махсусияти истифодаи ҳар як бахш хадамоти махсуси иқлимӣ пешниҳод карда мешавад. Азбаски кишвари мо кӯҳистонӣ аст, мо бо Вазорати нақлиёт зич кор мекунем, то ин ки онҳо битавонанд тадбирҳои пешгирикунандаи саривақтӣ, барои нобуд шудани одамон ва оқибатҳои харобиовар биандешанд».

Дар ҷараёни мубоҳиса дар чаҳорчӯби ҷаласаи сеюми конфронс намояндагони кишварҳои ОМ дар бораи ҳолати хадамоти иқлимӣ дар кишварҳояшон гузориш доданд ва зарурати ҷамъоварии доимии маълумоти иқлимӣ ва обуҳаво, тағйироти онро дар ҳолати ҷорӣ, ба таври мафҳум ва маълумоти самаранок қайд карданд. Чунин маълумоти информатсионӣ бояд ба қабули қарори иқлимии устувор мусоидат кунанд.Тоҷикистон ҳамчун кишвари пилотӣ дар ин соҳа ба натиҷаҳои баланд ноил шуд, аммо бо рушди технология вақти он расид, ки ба марҳилаи дигари пешниҳоди хадамот бигзарад. Лозим аст, ки технологияи нав, ки ташкилотҳои мамлакат дар режими онлайн пешгӯийи обуҳаворо бубинанд, дар амал ҷорӣ карда шавад. Каримҷон Абдуалимов мегӯяд, Тоҷикистон қудрат дорад, он қарорҳои инноватсиониеро, ки дар конфронс ёдоварӣ шуданд, дар амал ҷорӣ кунад.

Бояд гуфт, ки ҳукумати Тоҷикистон дар баробари ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаи хадамоти иқлимӣ таваҷҷуҳи калон зоҳир мекунад. Барои мисол, дар низоми обуҳавошиносӣ барномаи омӯзиши муҳофизати пиряхҳо дар давраи солҳои 2010-2030 мавҷуд аст. Дар доираи ин лоиҳа корҳои бисёр анҷом дода мешавад. Барномаи экологӣ, барномаи навсозии шабакаи ҳукуматӣ амалӣ карда шуд.

Аз рӯйи натиҷаҳои конфронси дурӯза ҳуҷҷати ниҳоӣ “Даъват ба амал” қабул карда шуд, ки ба рушди ҳамкориҳои минтақавӣ ва якҷоя амалӣ кардани тадбирҳо доир ба мутобиқгардонии тағйироти иқлим ва сабук гардондани оқибатҳои он нигаронда шудааст. Аммо назар ба андешаи роҳбари ҳайати Тоҷикистон, равона кардани ин қадар тақвият ба “мутобиқат” кам аст. Пеш аз он ки чораҳои мутобиқсозӣ амалӣ карда шавад, бояд ҳамаи заминаҳо омода бошад. Кишварҳои ОМ бояд саривақт қоидаҳо ва талаботи Конвенсияи тағйироти иқлим (1982)-ро риоя кунанд, дар он гуфта шудааст, ки “ Газҳои гулхонаӣ кам карда шавад”. Ҳамчунин дар “Муоҳидаи Париж” талаб карда мешавад, ки сатҳи ҳарорати ҳавои сайёра то 2С0 дараҷа нигоҳ дошта шуда, сатҳи газҳои гулхонаӣ поён фароварда шавад. Агар ҳамсояҳои Тоҷикистон ин талаботро иҷро накунанд, табиист, ки ин мутобиқатсозиҳо натиҷае намедиҳанд. Ба ҷойи он ки дар сари роҳи сел монеа бунёд кунем, беҳтар аст пеш аз рӯй додани он чора биҷӯем, то ки хисорот камтар шавад. Аммо одат шудааст, ки ба ҷойи пешгирӣ кардан аз оқибатҳои харобиовари сел, масъалаҳои бартараф кардани оқибатҳои сели ба амал наомада анешида мешавад.

Ба ҳамин сабаб, Каримҷон Абдуалимов ‒ муовини директори Оҷонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон дар маърӯзаи худ дар конфронси номбурда 6 пешниҳоди мушаххасро пеш гузошт, ки яке аз онҳо кам кардани газҳои гулхонаӣ ва риояи талаботи конвенсияҳои байнулмилалӣ мебошад.

Дар рафти конфронс коршиносон қайд карданд, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон якҷоя соҳиби сарчашмаҳои оби минтақа ҳастанд. Пиряхҳое, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар бораи онҳо мегӯяд, дар қаламрави Тоҷикистон қарор доранд. Аз ин рӯ, масъалаи ҳифзу нигаҳбонии онҳо масъалаи минтақавӣ мебошад, на танҳо масъалаи Тоҷикистон ва Қирғизистон.

Шаҳноз Комилзода,

Фараж

Добавить комментарий