14-уми январ, тахминан соати 16:30 дар маркази шаҳри Душанбе, дар даромадгоҳи яке аз биноҳои истиқоматӣ, таркиш ба вуқӯъ омадаст, ки боиси ҳалокати як нафар шудааст.

Гуфта мешавад, ки аз ҷониби истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Рӯдакӣ 176, ҳуҷраи 5 Мезентсев Иван Андреевичи 33-сола дар назди  даромадгоҳи бинои мазкур таркиш ба амал омадааст. Номбурда, ки як  адад норинҷаки РГД-5-ро  ғайриконунӣ дар хонаи истиқоматиаш нигоҳ медоштааст,  дар ҳолати мастӣ онро  бо худ гирифта, дар натиҷаи беэҳтиётӣ  нисбат ба ин дастгоҳи тарканда, сабаби ин ҳодиса гардидааст. Дар натиҷаи таркиши норинҷак шаҳрванд Мезентсев Иван Андреевич ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Санҷиши ҳодиса аз ҷониби гурӯҳи  фаврӣ-тафтишотии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Душанбе идома дорад, хабар медиҳад маркази матбуоти ВКД.

Добавить комментарий