Дар пайи вақуи ҳамлаи террористӣ дар Лондон, сарвазири Англия эълон кард сатҳи ҳушдори террористӣ дар кишварашро дар болотарин сатҳ нигоҳ хоҳад дошт. Ин сатҳ, ки болотарин сатҳи ҳушдори террористӣ аст, ба ин маънист, ки вуқӯи ҳамлаҳои дигар низ аз эҳтимол дур нест.

Таркиши як бомбаи дастсоз дар яке аз истгоҳҳои метрои Лондон дар рӯзи ҷумъа боиси захмӣ шудани 22 нафар шуд. Полиси Биритания ин ҳодисаро «ҳамлаи террористӣ» унвон кард.

Президенти Америка Доналд Трамп дар вокуниш ба ин ҳамла дар Твиттери худ навишт: «Ҳамлаи террористии дигаре тавассути як террористи бозанда дар Лондон рух дод. Инҳо одамҳои афроди бемор ва девонае буданд, ки дар полиси Лондон қарор доштанд. Бояд фаъолтар амал кард».

Сарвазири Англия Тереза Мей дар вокуниш ба ин навиштаи Трамп гуфт: «Гумонзанӣ аз сӯи ҳеҷ касе дар бораи таҳқиқоте, ки ҳанӯз ба поён нарсидаанд, муфид нест».

Добавить комментарий