Дар Душанбе ва Хуҷанд маросими эътои ҷавоиз ба барандагони иқдоми бебохти “Пардохти муваффақ” аз ширкатҳои Tcell ва Hyundai баргузор шуд. Сарвари кулли ширкати Tcell Озодхон Давлатшоев ғолибони иқдомро дар Душанбе бо ҷоизаҳо сарфароз гардонд. Дар Хуҷанд дар баргузории намоишгоҳи байналмилалии “Суғд-2019”, ки Tcell шарики асосии ҳамоиш аст, эътои ҳадяҳо сурат гирифт.

Марҳилаи аввали иқдом аз 1 май то 15 июн идома кард. Дар марҳилаи аввали аксияи “Пардохти муваффақ” аз Тсеll 10 барандаи ҷоизаҳо тавассути қуръапартоӣ муайян шуданд. Ҳамаи муштариёни ширкати Tcell аз саросари Тоҷикистон, ки ба тавозуни телефони мобилиашон аз 10 сомонӣ бештар маблағ гузарониданд, ба таври худкор (автоматӣ) иштирокчии иқдом гардиданд. Дар ин давр иштирокчиён 5 телефони ҳушманд (смартфон)-и  Samsung A30, 3 Smart TV Samsung, 1 MacBook ва 1 мошини сабукрави Hyundai Accent-ро бурд карданд!

Ҳамин тавр, Искандар Исоев- сокини ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон тариқи қуръапартоии рақамҳои тартибӣ нахустин барандаи шоҳҷоиза, яъне нақлиёти сабукрав гардид. Ӯ аз рӯи ихтисос байтор (духтури ҳайвонот) буда, хатмкардаи Донишгоҳи кишоварзӣ аст. Ба қавлаш дар зодгоҳ ба кишоварзӣ шуғл меварзад. Искандар ҳамагӣ 11 ID-рақам дошт, ки дар бозӣ иштирок карданд. Ӯ то охир бовар намекард, ки барандаи шоҳҷоиза мегардад. Бахт ба рӯяш хандиду ҳоло соҳиби мошини гаронарзиши “Hyundai” шуд.

«Ман фикр намекардам, ки як чунин имконият ҳаст, охир ман ҳамагӣ 11 ID-рақам доштам. Вақте аз ширкат ба ман занг зада гуфтанд, ки шумо ғолиби иқдом шудеду мошин бурд кардед, ҳатто бовар накардам. Ҳоло калиди мошин дар дастам аст ва худро воқеан хушбахт эҳсос менамоям! Ташаккур ба Tcell барои як чунин иқдомҳо!», мегӯяд Искандар Исоев.

Рӯйхати пурраи ID-рақамҳое, ки ҷоизаҳоро буридаанд дар ин нишонӣ мавҷуд аст: https://www.tcell.tj/content/news/successful-payment/

Пас аз анҷоми даври аввали аксияи «Пардохти муваффақ» марҳилаи дуюми иқдом (аз 15 июн то 29 июл) оғоз гардид. Иқдоми «Пардохти муваффақ»  бебохт аст, зеро муштарие, ки дар он иштирок мекунад, ҳеч гуна маблағи иловагӣ сарф наменамояд, барои иштирокчӣ шудан танҳо кофӣ аст, ки муштарӣ ба тавозуни телефони мобилиаш аз 10 сомонӣ бештар маблағ гузаронад. Маблағи муштарӣ дар тавозуни ӯ боқӣ мемонад, аз он комиссия ҳисобида намешавад ва муштарӣ онро барои интернет ва ё пайвастшавӣ ба дигар хизматрасониҳо сарф карда метавонад.

Барои ҳар як 10 сомонӣ ба муштарӣ SMS-паёмак бо ID-рақами инфиродӣ ирсол мегардад ва баъдан ин рақамҳо дар бурди ҷоизаҳо иштирок менамоянд. Таври мисол, агар Шумо ба тавозунатон 50 сомонӣ гузаронед, соҳиби 5 ID-рақам хоҳед шуд.

Тавозуни худро ба 10 сомонӣ пур карда, иштирокчии иқдом шавед. Ҷоизаҳо ва шоҳҷоиза дар даври дуввум ва марҳилаи сеюм Шуморо интизоранд.

Тафсилоти бештар дар бораи шартҳои иштирок дар иқдоми “Пардохти муваффақ” аз Tcell дар пайванди зер:

https://www.tcell.tj/content/news/conditions-of-the-promotion-successful-payment/

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here