Сомонаи расмии Президенти Тоҷикистон танбеҳи Эмомалӣ Раҳмонро дар нисбати раиси ноҳияи Хуросон нашр карда, иттилоъ медиҳад, ки Зиёда Саломова ба ҷойи кори пешинааш – Кумитаи кор бо занон ва оилаи ноҳия барқарор карда шудааст.

Гуфта мешуд, ки баромади нохуби ансамбли дойранавозон боиси аз вазифа сабукдӯш гардидани раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи ноҳияи Хуросон Зиёда Саломова гардидааст. Дар иттилоияи нашршуда омадааст, ки атрофи ин мавод фикру мулоҳизаҳои нодуруст, аз ҳақиқат ва асли воқеа дур дарҷ гардидаанд. Дар идома мақсади сафарҳои Президент ба шаҳру ноҳияҳо шарҳ дода шудаанд, ки он на баҳодиҳӣ сатҳи маросимҳои истиқбол аст, балки шинос шудан аз вазъи зиндагӣ ва мулоқоти ошкоро бо сокинони шаҳру навоҳии мамлакат ба ҳисоб меравад.

“Дар натиҷаи гузаронидани тафтиши хизматӣ муайян карда шудааст, ки зимни сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Хуросон ягон эрод ё изҳори норозигӣ нисбати фаъолияти гурӯҳи зикргардида нашуда буд. раиси ноҳияи Хуросон Раҳматулло Сафарзода дар баробари дигар камбудиҳо Саломова Зиёда Алматовнаро дар таърихи рӯзи 11.08.2017 аз вазифа сабукдӯш намудааст. Новобаста ба ин, Саломова Зиёда ба вазифаи пешинааш барқарор гардида, бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24.08.2017 ба раиси ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон Сафарзода Раҳматулло Хайрулло бинобар ба таври дахлдор иҷро накардани вазифаҳои хизматиаш «танбеҳ» дода шуд”, — омадааст дар ин иттилоия.

Добавить комментарий