Талаби се ҳазор сомонӣ барои бекор кардани ақди никоҳ котиби суди ноҳияи Шаҳристон ва пристави суди ноҳияи Деваштичи вилояти Суғдро ба додгоҳ бурд.

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон парвандаи ҷиноятиро бо иттиҳоми «қаллобӣ» (моддаи 247 қ. 2 бандҳои «б», «в», «г») нисбат ба котиби суди ноҳияи Шаҳристон Исроилзода Фурқат ва пристави суди ноҳияи Деваштич Муродҷон Ҳамзаев ба суд ирсол кардааст.

Манбаъ мегӯяд, 31-уми январи соли равон шаҳрванд «А» ба Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд ба таври хаттӣ муроҷиат карда, гуфтааст, ки котиби суд Исроилзода Фурқат бо воситаи пристави судӣ Ҳамзаев Муродҷон барои бекор кардани ақди никоҳ аз ӯ бо роҳи қаллобӣ 3000 сомонӣ талаб кардааст.

«Худи ҳамон рӯз нисбати Ҳамзаев М. Қ. ва Исроилзода Ф. бо моддаи 247, қисми 2 бандҳои «б», «в», «г» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, дар пайи баргузории амалиёти оперативӣ Ҳамзаев М. Қ. баъди аз шаҳрванд «А» гирифтани маблағи 3000 сомонӣ дастгир карда шуда, маблағи мазкур ҳамчун далели шайъӣ аз ӯ дарёфт гардид».

Дар ҳамин ҳол, имрӯз, 17-уми май, аз суди шаҳри Истаравшан дар суҳбат ба «Фараж» иттилоъ доданд, ки парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қ. 2, бандҳои «б», «в», «г» нисбат ба Исроилзода Фурқат ва пристави суди ноҳияи Деваштич Муродҷон Ҳамзаев рӯзи 22-юми апрели соли равон баррасӣ гардида, айбдоршавандагон гунаҳкор дониста шуданд.

Манбаъ мегӯяд, бо дастрасии моддаи 63-и Кодексии ҷиноятии Тоҷикистон «ба ҳар як айбдоршаванда ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи сад нишондиҳанда (баробар ба 5500 сомонӣ) ба фоидаи давлат ва бидуни маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул гардидан ба фаъоияти муайян» таъйин карда шудааст.

Ҳамчунин гуфта шуд, ҷабрдида Норматов О. оид ба барқарор шудани зарараш ва надоштани даъво нисбат ба айбдоршавандагон ба суд бо аризаи хаттӣ муроҷиат кардааст.

Ин дар ҳолест, огоҳони ҳол аз набуди шаффофият ва мустақилият дар судҳо изҳори норизоят мекунанд. Ба андешаи эшон, мисоли равшани гуфтаҳо қазияи рӯзноманигори аштӣ Муҳаммадюсуф Исмоилов аст, ки суди сайёри ноҳияи Мастчоҳ рӯзи 28 октябри соли 2013 ӯро барои гирифтани 400 сомонӣ аз як зани корафтода аз рӯи моддаи 250 қ. 2 (тамаъҷӯӣ) ва 247 қисми 2 (қаллобӣ) ба 11 соли зиндон маҳкум кард ва инак номбурда 6 сол боз дар маҳбас аст.

Добавить комментарий