То 15-уми июни соли 2019 ҳамаи мошинҳое, ки дар пойтахт ҳамчун таксӣ фаъолият доранд, бояд зоҳиран як ранг дошта бошанд. Дар ин бора шаҳрдории Душанбе тасмим гирифтааст ва ширкатҳои мусофиркашонро вазифадор ҳам кардааст.

Озмуни лоиҳаи намои зоҳирии воситаҳои нақлиёти автомобилии сабукрави таксии пойтахт ҷамъбаст ва ғолиби он маълум гардид. Лоиҳаи пешниҳодкардаи устоди калони кафедраи нақшакашии муҳандисии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон Бадриддин Қурбонов қабул ва номбурда ғолиб эълон карда шудааст. Ин озмун 28 декабри соли 2018 бо Қарори Раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ ҷамъбаст гардида, ба ғолиб 5 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ додаанд.

Аз рӯйи расми ангоравии лоиҳаи қабулгардида, қисми болоии мошин зард аст, ду паҳлӯяш нуктаҳои сиёҳ ва навиштаҷоти Душанбе дошта, дар он ҷойи навиштани рақами тамоси хадамоти таксии ин ё он ширкат ва реклама мавҷуд аст. Ин нишонаҳо дар бештари мамлакатҳои мутараққӣ ҳамчун намои ягона қабул гардидаанд.

Тибқи қарори баимзорасида, ширкатҳои нақлиётие, ки хизматрасонии таксиро дар ҳудуди шаҳри Душанбе анҷом медиҳанд, вазифадоранд то 15 июни соли равон воситаҳои нақлиёти автомобилии сабукрави таксиро бо намои зоҳирии ягонаи қабулгардида мутобиқ гардонанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here