Дирӯз бо қарорҳои раиси Ҳукумати Тоҷикистон чанде аз мансабдорон аз вазифа озод шуданд, чанде ба нафақа рафтанд ва чанде дигар вазифаҳои нав гирифтанд. Ҳамчунин, мансабдорони баландпоя аз ҷониби раиси Ҳукумат Эмомалӣ Раҳмон танбеҳ гирифтанд.

Амрҳои президент дар бораи аз вазифаи муовини вазири нақлиёт озод кардани Ганҷалзода Ш.Р.,  аз вазифаи муовини раиси Кумитаи андоз озод кардани Сафарзода Л.Ҳ., аз вазифаи муовини раиси Кумитаи андоз озод кардани Юсуфӣ П.С., аз вазифаи муовини директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа озод кардани Шарифзода Ф.Н., аз вазифаи муовини якуми директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа озод кардани Одиназода Н.Х., аз вазифаи директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа озод кардани Наҷмудинов С.М., аз вазифаи сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёт озод кардани Қурбонзода Х.Ҳ., дар бораи сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёт таъин кардани Ганҷалзода Ш.Р., дар бораи директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта» таъин кардани Мақсудзода Ш., дар бораи директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таъин кардани Давлатзода Д.А., ба имзо расиданд. Бо амри президент ваколати директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта» Сатторӣ Аловуддин Мирзо бинобар вафоташ қатъгардида ҳисобида шуд.

Мутобиқи моддаи 32 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ба сардори Хадамоти гумрук Каримзода Хуршед Абдураҳмон, муовини якуми сардори Хадамоти гумрук Турсунзода Азим Ҳайдар, муовини сардори Хадамоти гумрук Ҳурматзода Иззатулло Зариф, муовини сардори Хадамоти гумрук Шерализода Хуршед бо сабаби ба таври дахлдор иҷро накардани уҳдадориҳои мансабиашон танбеҳ дода шуд.

Президент ба раиси Бонки миллии Тоҷикистон Нурмаҳмадзода Ҷамшед,  муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Нуралиев Ҷамолиддин Камолович, муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Машрабзода Ҳамидулло Маҳмадулло, муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Салимова Лола Ҷумаевна бинобар ба таври дахлдор иҷро накардани вазифаҳои хизматиашон танбеҳ дод.

Добавить комментарий