Мувофиқи фармони вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода дар шуъбаи кофтукови ҷиноятии фурудгоҳи Душанбе сардори нав таъйин шудааст. Ин тағйирот баъди як тирпаронӣ дар фурудгоҳ, ки боиси захмӣ шудани зертобеи сардори шуъбаи кофтукови ҷиноятии милитсияи фурудгоҳи Душанбе шуда буд, сурат гирифтааст.

ИА «АП» хабар дод, ки “сардори нави шуъбаи кофтукови ҷиноятии фурудгоҳи Душанбе Тӯрахон Кабирзода таъйин шуд”. Дар ин бора сардори маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон Умарҷони Эмомалӣ иттилоъ додааст.

Ба гуфтаи котиби матбуотии ВКД, байни кормандони шуъбаи милитсияи фурудгоҳ низ ҷойивазкунии кадрҳо сурат гирифта, қисмати зиёди кормандон иваз шуданд.

6-уми октябр сардори шуъбаи кофтукови ҷиноятии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Рустам Саъдиеви 34-сола дар ҷойи корӣ бо зертобеъаш Ниёзмаҳмад Алиеви 30-сола ба муноқиша пардохта, аз силоҳи хизматиаш – таппончаи Макаров ба сӯӣ ӯ тир холӣ карда буд. Гуфта мешуд, ки Рустам Саъдиев ва ҷабрдида Ниёзмаҳмад Алиев замони рух додани ҳодиса дар ҳолати мастӣ қарор доштаанд.

Корманди милитсияи ҷабрдида бо захмҳо аз тир дар шикам ва пой дар бемористон бистарӣ шуда, айни замон ба ҳаёти ӯ дигар хатаре таҳдид намекардааст. Сардори шуъба боздошт ва нисбаташ парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here