Аз соати 10:00-и рӯзи 5-уми сентябр дар аэродроми ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» таҷҳизоти нави рӯшноидиҳӣ ва огоҳкунӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Таҷҳизоти мазкур мутобиқ ба талаботи дараҷаи 1-уми ИКАО (Ташкилоти байналхалқии авиатсияи гражданӣ) буда, имкон медиҳад, ки фурудойӣ ва парвози ҳавопаймоҳо дар аэродроми фурудгоҳи Хуҷанд дар вақти шабона бо сифати баланд ба амал бароварда шавад. Васлу насби чароғҳои шуояшон баланд дар хатти парвозу фурудойии аэродроми фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд дар доираи татбиқи Лоиҳаи «Таҷдид ва муҷаҳазгардонии техникии аэродроми фурудгоҳи Хуҷанд» амалӣ гардида, корҳо дар ҳамкорӣ бо ширкати русиягии «Радар Га» бо тариқи тендер ва дар асоси шартномаи дуҷониба аз 20 майи соли 2016 оғоз гардида, санаи 1 июни соли 2017 ба итмом расонида шуданд.

Дар радифи васлу насби таҷҳизоти муосири рӯшноидиҳӣ ҳамзамон васлу насби системаи  DME/N (муайянкунандаи масофаи дақиқи байни ҳавопаймо ва хатти парвозу фурудойӣ) ба амал бароварда шуда, системаи мазкур на танҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки дар ҳудуди Осиёи Миёна шабеҳи худро надорад. Татбиқи лоиҳаи мазкур бо истифода аз қарзҳои дарозмуддати Бонки аврупоии бозсозӣ ва рушд ба маблағи умумии 1 млн. 869 ҳаз. доллари ИМА ба амал бароварда шуда,  як қисм корҳои сохтмонӣ ва васлу насбкунӣ аз ҳисоби воситаҳои молиявии худи фурудгоҳ амалӣ карда шудаанд.

Лозим ба ёдоварист, ки дар доираи татбиқи лоиҳаи мазкур, санаи 4 августи соли ҷорӣ ҷиҳати васлу насби системаи нави фурудойӣ бо ширкати Бритонёгии «Systemsinterface» созишнома ба маблағи умумии 943 ҳаз. доллари ИМА ба имзо расонида шудааст.


Добавить комментарий