1 декабр, рӯзи нахустини фасли зимистон, Тcell розро ошкор кард: Бобои барфии ҳақиқӣ бунафшранг аст! Аз ҳамон рӯз ба ин сӯ, Бобоҳои барфии бунафшранг дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон ба эҳдои тӯҳфаҳои зарурӣ — гуфтугӯи бемаҳдуд дар давоми соли 2019 бо опсияи “Белимити солона” аз Tcell оғоз карданд. Иқдом то 15 декабр давом меёбад, аммо бо ин ҳама “сюрпризҳо” аз Бобои барфии бунафшранг ба анҷом намерасанд.

Иштирокчиёни аксия, ки аз ҳама пештар Бобои барфиро дида рамзи “махсус”-ро мегӯянд, соҳиби сертификат барои пайваст шудан ба опсияи “Белимити солона-2019” аз Tcell мешаванд. Ин тарофа- иртиботи бемаҳдуд дар дохили шабака ва мегабайтҳои интернет барои тамоми соли 2019-ро дорад. 

Дар ҳама саҳифаҳои Тcell дар шабакаҳои иҷтимоӣ (Facebook, Instagram, VK, OK, Viber) ва эфири радиои “Love Radio” дар вақти муайяншуда ҷои Бобои барфии бунафшранг ва “рамзи махсус” эълон мегардад, ки онро ба ба Бобои барфӣ расондан зарур аст. Бобоҳои барфии ҳақиқӣ ва бунафшрангро аллакай дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб, Турсунзод ва Хоруғ истиқбол намуданд. Дар саросари кишвар пайдо шудани Бобои барфиро сокинони зиёде интизоранд.

То 15 декабр дар аксия “Бобои барфии ҳақиқӣ- бунафшранг аст”-и Тсell ширкат кардан мумкин аст. Имконияти пайваст шуданро ба хизматрасонии солонаи “Белимити солона барои соли 2019” ва ё тӯҳфа намудани он ба дӯстону пайвандонро аз даст надиҳед!   Эълонҳои Tcell дар шабакаҳои иҷтимоиро пайгирӣ кунед, радиои “Love Radio”-ро гӯш кунед, то аз пайдо шудани Бобои барфии ҳақиқии бунафшранг дар шаҳру ноҳияаатон бехабар намонед ва соҳиби иртиботи белимити солона аз Тсеll гардед!

Баъди анҷоми аксия Бобои барфии бунафшранг барои сокинони пойтахт “сюрприз” дорад!

Ширкати Tcell ва «Олу4а Такси» аз 15 декабр шуморо ба “вохӯрӣ” бо Бобои барфии бунафшранг даъват менамояд, ки дар ин ҳангом Бобои барфи ронандаи боэътимоди шумо хоҳад буд! Ба замми ин ӯ ба шумо тӯҳфа медиҳад!

«Олу4а Такси»-ро бо рақами 7000 даъват намуда, дархост кунед, ки ронандаи мошин Бобои барфии ҳақиқии бунафшранг бошад!

Аснои сафар Бобои барфӣ ба шумо табъи хушу болидаро фароҳам меорад, мусофирони хурдсол бошанд соҳиби тӯҳфаҳои хотиравӣ мешаванд: ҳангоми пайваст шудан бо тарофаи даркории “Даркор 59” ва аз он болотар, шумо соҳиби рақами Нуқрагӣ аз меагардед!   Теъдоди ҳадяҳо маҳдуд аст, аз ин рӯ талош кунед, ки бо таксии ронандааш Бобои барфии бунафшранг ба сайругашт бароед!

Ширкати Tcell якояки шуморо бо Соли нави 2019 муборакбод гуфта, бароятон кулли хушиҳои зиндагӣ, табъи хушу болида ва эҳсосоти наҷибро таманно менамояд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here