Маҷаллаи фаронсавии варзишии France Football, ки ба рейтинги футболбозону ҷоизадиҳии онҳо машғул аст, имсол футболбози хорватӣ Лука Модричро беҳтарин донист ва ҷоизаи «Тӯби тилло»-ро ба ӯ дод.

Дар овозидиҳӣ Лука Модрич 753 имтиёз ба даст овардааст. Ҷойи дуюмро ҳуҷумкунандаи «Ювентус» португалӣ Криштиану Роналду ва сеюмро форварди «Атлетико» фаронсавӣ Антуан Гризманн соҳиб шудаанд.

Пеш аз ин FIFA футболбози «Реал Мадрид» Лука Модричи хорватиро беҳтарин бозигари сол эълон карда буд. Ин футболбоз дар мавсими гузашта бо дастаи мунтахаби кишвараш то ба финали Ҷоми ҷаҳон расид ва бо «Реал» ғолиби Лигаи чемпионҳои Аврупо шуд.

Килиан Мбаппе, ки имсол дар ҳайати дастаи мунтахаби Фаронса соҳиби Ҷоми ҷаҳон шуд, аз беҳтарин бозигарони ҷавони мавсим муаррифӣ шудааст. Мбаппе 19 сол дошта, дар ҳайати клуби фаронсавии ПСЖ бозӣ мекунад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here