Муфаттишони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар соли 2019-ум 920  парвандаи ҷиноятиро бо дарназардошти бақия ба пешбурд қабул намуда, тафтиши пешакии 719 адади онро нисбати 970 нафар ба анҷом расонидаанд.

Ин нишондодро директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Султонзода Сулаймон зимни нишасти матбуотӣ, гуфт. Ҳамчунин, ӯ изҳор дошт, ки аз ин шумора 495 парвандаи ҷиноятӣ нисбати 666 нафар бо тасдиқи фикри айбдорӣ ба суд ирсол гардидааст.

— 224 парванда нисбати 304 нафар дар пешбурд қатъ карда шудааст, ки 171 адади он нисбати 243 нафар бо татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф” мебошад, рост меояд, — қайд кард Султонзода Сулаймон.

Дар мавриди он ки аз ҷониби воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ 2154 ҷинояти коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ҷиноятҳои ба андоз алоқаманд ошкор карда шудааст, Султонзода ёдовар шуд ва гуфт:

— Аз 2 ҳазору 154 ҷинояти коррупсионӣ 249 амали он аз ҷониби кормандони мақомоти иҷроияи маҳалҳо сар зада, 122 ҷиноят нисбати 88 кормандони соҳаи маориф ба қайд гирифта шудааст.

Инчунин, дар робита ба сар задани амалҳои коррупсионӣ аз ҷониби кормандони Вазорати маориф Султонзода гуфт, ки дар соли 2019 ягон амали коррупсионӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Шаҳноз Ализода

Фараж

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here