Соате пеш корбарони Фейсбук бо нашри аксу наворҳо хабар доданд, ки дар бинои меҳмонхонаи панҷситорадори “Исмоили Сомонӣ”, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ-127, сӯхтор ба амал омадааст.

ОИ «АП» аз қавли Хадамоти оташнишонии ВКД иттилоъ дод, ки сабаби сӯхтор ҳанӯз маълум нест. Ҳамаи мошинҳои оташнишонӣ, ки ҳастанд, ба ҷойи ҳодиса фиристода шудаанд.

Бунёди меҳмонхонаи «Исмоили Сомонӣ» ҳамасола аз пардохтҳои андоз ва гумрук озод карда мешавад.

Сохтмони иншоот, ки фармоишгари он Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ мебошад, ширкати холдингии “Исмоили Сомонӣ — асри 21” мебошад.

Маросими оғози бунёди ин меҳмонхонаи 15-уми марти соли 2006 баргузор шуд. Он замон буҷаи умумии сохтмон 30 миллион доллар ҳисоб карда шуд.

Иншооти мазкур дар хиёбони марказии пойтахт ҷойгир буда, масоҳати он 1,5 гектар аст. Интизор меравад, ки бинои меҳмонхона аз 350 ҳуҷра бо масоҳати умумии 20 ҳазор метри мураббаъ иборат хоҳад буд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here