Варзиш яке аз воситаҳои муаррифии кишвар дар сатҳи байналмилалӣ буда, ҳамзамон кафили солимии ҷомеа маҳсуб меёбад.

Сардори раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Мирзоқосим Каримзода аз дастовардҳои соҳаи варзиш ёдовар шуда гуфт: «Соли 2019 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят маҷмӯан 121 иншооти варзишӣ, аз ин 18 толори варзишӣ, 101 майдончаи варзишӣ ва 2 ҳавзи шиноварӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ба маблағи 13 миллиону 361 ҳазор сомонӣ ва аз ҳисоби соҳибкорон ба маблағи 28 миллиону 300 ҳазору 633 сомонӣ мавриди истифода қарор дода шуд».

Вобаста ба ҷалб шудани насли нав ба машқу тамрин Мирзоқосим Каримзода афзуд, ки дар мактабҳои варзишӣ бо фарогирии 15028 варзишгари наврасу ҷавон аз намудҳои олимпӣ ва 302 гуруҳ аз намуди миллӣ бо фарогирии 3655 наврасу ҷавон амал намуда, дар маҷмуъ 18683 нафар наврасону ҷавонон ҳамарӯза ба машқу тамрин фаро гирифта шудаанд.

— Дастаи мунтахаби вилоят дар 143 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ва чемпионатҳои Тоҷикистон иштирок карданд ва ба гирифтани 850 медали тилло, 668 медали нуқра, 719 медали биринҷӣ мушарраф гардиданд, — гуфт сардори раёсат Каримзода.

— Натиҷа дар мусобиқаҳои байналмилалӣ низ назаррас аст, — қонеъмандона зикр дошт сародори раёсат, — 537 варзишгар, аз ҷумла, 97 бону ба 58 чорабиниҳо сафарбар гардида, дар натиҷа ба хазинаи варзишии вилоят 293 медал, ба мисоли 103 тилло, 62 нуқра ва 128 биринҷӣ ворид кардаанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here