Дастгирии раиси вилояти Суғд,  муовини аввали раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Раҷаббой Аҳмадзода иборат аз маводи ғизоӣ, аз ҷумла, орд, равған, биринҷ, шакар, макарон ва ғайра ба 800 нафар корманди марказҳои саломатӣ, «Ёрии таъҷилӣ», маркази назорати давлатии санитарию эпидемологӣ ва шуъбаи Раёсати кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании шаҳри Хуҷанд расонида шуд.

— Муовини аввали раиси шаҳри Хуҷанд Хайрулло Ғайбуллозода ва муовини раиси шаҳр Фирӯза Нуруллозода зимни супоридани кӯмакҳои ғизоии раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ҷумла зикр намуданд, ки имрӯз беш аз 800 нафар корманди 6 маркази саломатӣ, 2 бунгоҳи «Ёрии таъҷилӣ», Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологӣ ва Шуъбаи Раёсати кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании шаҳри Хуҷанд аз посбону фаррош то ҳамшираи тиббу духтурон ва сарбозону афсарон аз ин ёрӣ баҳраманд шуданд. Ин ашхос шабонарӯз баҳри хизматрасонии шаҳрвандон, бахусус, ҷиҳати пешгирӣ ва табобати бемории коронавирус дар шаҳри Хуҷанд чораҳои заруриро роҳандозӣ мекунанд. Аз ҷониби ин кормандон ҳамарӯза ҷиҳати тамизгардонии шаҳр, қабулу бистарикунонии беморон, маслиҳат ва машварат дар хона ва марказҳои саломатӣ тадбирҳо андешида мешаванд, — хабар медиҳад хадамоти матбуоти раиси вилоят.

Интизорӣ меравад,  ки дар рӯзҳои наздик аз ҷониби роҳбарияти шаҳри Хуҷанд ба духтурон ёрипулии якдафъаина расонида мешавад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here