11-уми май дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд таҳти роҳбарии раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷаласаи корӣ баргузор гардид. Дар он таъмин намудани амнияти озуқавории мамлакат, зиёд намудани майдони кишти картошка ва самаранок истифодабарии замин мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар  ҷаласа   масъалаи кишти картошка,  нашъунамои пахта, ғалладонагӣ, лӯбиёгӣ, сабзавот ва полезӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Гуфта мешавад, ки ҳоло ҳам дар вилоят кишоварзон бо кишти картошка машғул ҳастанд. То ин дам дар майдони зиёда аз 15 ҳазор гектар картошка кишт карда шудааст. Мувофиқи наҳшаи дурнамо дар майдони зиёда аз 30 ҳазору 400га замин бояд картошка кишт карда шавад.

— Мавсими кишти картошка то нимаи моҳи июн идома меёбад. Асосан дар вилоят дар минтақаи доманакӯҳҳои ноҳияҳои Деваштич, Шаҳристон, Кӯҳистони Мастчоҳ, Айнӣ, Ашт, Истаравшан, Исфара ва шахру деҳоти Панҷакент кишт карда мешавад. Ба раиси вилояти Суғд аз рафти ҷараёни кишт раисони шаҳру ноҳияҳои зикргардида аз таъминот бо тухмии хушсифат ва сафарбар намудани кишоварзон барои дар мӯҳлатҳои оптималӣ анҷом додани кишт маълумот доданд, — хабар медиҳад хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here