Дирӯз двр машварати корӣ, ки бо роҳбарии раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода  аз пешгирии коронавирус доир шуд, аз  хусуси ичтеҳсоли воситаҳои тиюбӣ дар вилоят чунин итттилоъ дода шуд: – Аз рӯи нишондод, ҳоло дар вилоят коргоҳҳои дузандагӣ бо дӯхтани корҷомаҳои муҳофизатӣ ва ниқобҳо аз матои истеҳсоли ватанӣ машғул ҳастанд.

Ҳоло дар як рӯз зиёда аз 4000 дона корҷома ва 270 ҳазор ниқоби муҳофизатӣ истеҳсол карда шуда, ба муассисаҳои тиббӣ ва сокинон дастрас мешавад. Ҳамчунин, барои безараргардонӣ ва бурдани корҳои зиддуфунӣ 40 тонна маҳлули гидрохлориди натрий аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба шаҳру ноҳияҳо дастрас карда шуд. Ҳоло дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, кӯчаҳо ва мавзеъҳои истиқоматӣ корҳои безарагардонӣ идома доранд, – хабар медиҳад хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд.

Гуфта мешавад, ки бо дастури раиси вилоят дар Раёсати тандурустии вилоят Маркази тамоси вилояти Суғд дар масъалаҳои  COVID-19 ташкил карда шудааст, ки он барои тамоми сокинони вилоят 24 соат хизмат мерасонад.

Добавить комментарий