Суди Туркия ҳукмашро нисбати рӯзноманигори Wall Street Journal Айл Албайрак бекор кард. Дар ин бора худи рӯзноманигор дар твиттераш хабар додааст.

Моҳи октябри соли 2017 Албайракро барои таблиғи терроризм ду сол зиндонӣ карданд. Як гузориши ӯ дар соли 2015 дар бораи фаъолияти гуруҳи курдҳо дар ҷанубу шарқи Туркия боиси баҳси судӣ шуд.

Албайрак ҳам шаҳрванди Туркия ва ҳам Финландия аст. Аммо ӯ тавонист пеш аз шуруъи муҳокима ба ИМА фирор кунад ва дар озодӣ монад. Баъдтар рӯзноманигор ба суд шикоят бурд ва ҳукми зиндони ӯ бекор шуд.

Баъди табаддулоти нокоми Туркия дар соли 2016, президенти ин кишвар Раҷаб Эрдуғон фаъолияти садҳо рӯзномаву рӯзноманигор ва бештар аз 30 телевизионро манъ кард. Дар тобистони соли ҷорӣ бештар аз 140 рӯзноманигор дар зиндонҳои Туркия адои ҷазо мекарданд.

Добавить комментарий