Дар вилояти Суғд одамоне ёфт мешаванд, ки бо роҳи қочоқ аз ҷумҳурии ҳамсоя ба ҳудуди Тоҷикистон сӯзишворӣ ворид мекунанд, аммо ин амали ғариқонуниашон аз чашми мақомоти дахлдор пинҳон намондааст.

Аз тарафи кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд дар ҳамбастагӣ бо кормандони Раёсати Агентии назоратии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар наздикии гардиши ҷамоати Хизтеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров воситаи нақлиёти тамғаи «Опел-Астра» рақами қайди давлатиаш 3173 СЕ 02 РТ таҳти ронандагии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Ё.А., барои азназаргузаронӣ боздошт карда шуд.ааст.

Дар рафти азназаргузаронӣ дар дохили бордони воситаи нақлиёти мазкур 37 адад зарфҳои ғунҷоишаш 20-литра бо 740 литр сӯзишвории намуди бензини АИ-80 дарёфт гардидааст, ки ин миқдор мол ба худи ронанда шаҳрванд Ё.А., соли таваллудаш 1985, истиқоматкунандаи ноҳияи Деваштич, ҷамоати Ваҳдат, тааллуқ доштааст.

Ҳангоми пурсиш шаҳрванд Ё.А. иқрор шудааст, ки дар ҳақиқат моли мазкур ба ӯ тааллуқ дошта, ин миқдор сӯзишвориро аз нуқтаи сӯзишвории «Асман-Оил»-и Ҷумҳурии Қирғизистон харида, бе назорати гумрукӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷамоати Хизтеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ворид кардааст ва мехостааст барои фурӯш ба ҳудуди ноҳияи Деваштич интиқол диҳад.

Дар вақти санҷиш соҳиби мол нисбати моли дар автомашина буда ягон ҳуҷҷати гумрукӣ пешниҳод накардааст. Аз рӯи ҳодисаи мазкур нисбат ба шаҳрванд Ё.А. мутобиқи моддаи 577-и Кодекси  ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шудааст.

Аз ин пештар, 22-юми августи соли равон, ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз тарафи кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд аз бордони воситаи нақлиёти тамғаи «Газ-52213», рақами қайди давлатиаш 50 29 РТ 02 таҳти ронандагии шаҳрванд У.Қ. соли таваллудаш 1969, истикқоматкунандаи ноҳияи Ашт ба микдори 700 литр бензини навъи АИ-92 истеҳсоли Қирғизистон пайдо шудааст, ки ин миқдор мол ба шаҳрванд У.Қ. тааллуқ дошта, номбурда мехостааст бе ҳуҷҷатгузории гумрукӣ онро ба Тоҷикистон интиқол дихад.

 

Добавить комментарий