Як писари нохалаф дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд ба сари падараш бо бел кӯфтааст, писари бадфеъли дигар дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови ҳамин вилоят бо корд ба падараш ҳамла кардааст.

Зимни доир намудани чораҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия марди 25-солаи сокини ноҳияи Аштро ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти куштор дастгир кардаанд. Номбурда рӯзи 12-уми сентябри соли 2017, тахминан соати 22:00, дар ҳолати мастӣ ба ҳавлии истиқоматиашон омада, бо падараш, марди 47-сола, ҷангу ҷанҷол карда, бо истифода аз бели хоҷагидорӣ якчанд маротиба ба сар ва узвҳои баданаш задааст. Дар натиҷа падараш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Чунин як ҳодисаи нанговари дигар дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ рух додааст. Марди 40-солаи сокини ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи мазкур рӯзи 13-уми сентябри соли ҷорӣ, тахминан соати 13:00 ба ҳавлии истиқоматии падараш, марди 65-сола омада, ҷангу ҷанҷол карда, бо корди дар дасташ буда 5 маротиба ба узвҳои бадани падараш задааст. Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Гумонбаршуда аз ҷониби кормандони милитсия дастгир гардида, айни замон дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Аз рӯи ин ҳодисаҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Добавить комментарий