ҶДММ «Ғаюр»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазорати саноати Ҷумҳурии мардумии Чин оид ба ҳамкориҳои саноати ва тиҷоратӣ созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонд.

Бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрузҳо кишвари азизи мо дар бозори ҷаҳонӣ дар қатори дигар давлатҳо рушд карда, бо маҳсулоти саноатии худ рақобатпазир будани худро нишон медиҳад ва ҳамкориҳои худро бо дигар кишварҳо вусъат мебахшад.

Маҳз дасгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имконият дод, ки соҳибкорони ватании мо барои муаррифи кардани Тоҷикистони азиз бо маҳсулотҳои сифати аъло дар бозори ҷаҳони.

Бо ин мақсад муассис, раиси Шӯрои директорони ҶДММ “Ғаюр” Ғуломов Акбар Асадуллоевич дар Ҷумҳурии Мардумии Чин бо Вазорати саноати ин кишвар созишномаи ҳамкорӣ имзо кард.

ҶДММ “Ғаюр” соли 2002 дар заминаи корхонаи истеҳсоли хишт дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон таъсис дода шудааст. Ҷамъият бо интихоби стратегияи нави рушд, муттаҳид намудани сармояи молӣ ва ақлӣ тавонист дар як муддати кӯтоҳ ба натиҷаҳои хеле бузург ноил гардад.

Манучеҳр Ниёзов

Добавить комментарий