(Дар остонаи дидори дастаҳои Тоҷикистон ва Ҷопон ба рӯзи 15 октябр)

Ҳашт соли пеш, дар ҳамин рӯзҳо ва дар чунин мусобиқае ҷопониҳои мизбон дар авҷи бетараҳҳумӣ ба дарвозаи мо ҳашт тӯби беҷавоб зада буданд ва ин ташнагияшонро нашикаст, ки пас аз як моҳ моро дар замини худмон бо натиҷаи чаҳор бар ҳич мағлуб карданд.

Яке аз сахттарин ва ноҳинҷортарин бохтҳои футболи мо буд ин ду дидор. Кунун ки фосилае тай шуда, тими мо на он аст, ки он замон буд ва ҷопониҳо низ на ҳамонеанд, ки он гоҳ будаанд. Чашм андозем нахуст ба рақиби кунунӣ, ки мардони майдонаш чӣ зарбу заъфе доранд, умедвории мо дар баробари ситораҳои футболи имрӯзи Ҷопон чӣ аст, ҷабҳаи ҳассоси ин ду болонишини гурӯҳи худ, ки ҳоло шашимтиёзӣ доранд, чӣ пушту рӯе дорад?

ДАСТАИ ҶОПОН

Ҷопон ба як калом аз номдортарин дастаи қораи Осиё ҳаст. Бодомчашмиҳо чаҳор бор барандаи Ҷоми Осиё будаанд ва се бор ҳам то даври ҳаштуякниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Ҷоми Ҷаҳон роҳ ёфтаанд. Дар роҳ ба суи Тоҷикистон номдортарин ситораҳои футболи хешро гулчину басич кардаанд. Мешавад ҳирсу ҳаваси сармураббии ҷопониҳоро хӯрд, ки дар ин рӯз афзалу тавонманду пуршаҳоматтарин ҳайатеро дар ихтиёр дорад, ки дар пешинаи футболи Ҷопон бесобиқа аст. Аз 23 нафар бизикунонаш фақат се нафар аз дастаҳои дохилиянд, 20 нафари дигар аслан аз қораи сабзи дар футбол пешрафтаи Аврупо, аз Австрияву Олмон, Белҷику Итолиё, Испаниёву Фаронсаву Портуғол, Инглису Ҳоланду Сербистон… ва аз номвартарин дастаҳои футболи имрӯз дар ҷаҳонанд, ҳамчун «Порто», «Портимоненси», «Сент-Трюйден», «Болоня», «Ҳанновер 96», «Айнтрахт Франкфурт», «Штутгарт», «Партизан», «ПСВ». Ин нукта гувоҳи бармалои он аст, ки дар Ҷопон футбол дар айни рушду шукуфоист, то он сатҳ ки истеъдодҳои футболаш ҷалби таваҷҷуҳи дастаҳои ғули дунё дар Испаниёву Итолиёву Инглису Олмону Портуғол шудаанд. Ва аз он ки ситораҳои ин даста бо ҳам омада, юриши пирӯзмандонаеро ба Душанберо тарҳрезӣ доранд, Ҷопон як мақсад дар пеш гирифта – ҳарифро ба ҳич ваҷҳ нодида нагирифтану ин бор ҳам аз майдони мо фотеҳ берун омадан.

Бартариҳои Ҷопон: бархурдорӣ аз бозикунҳои таҷрибаандӯхта дар футболи модерни Аврупо;

Ҷопон дар роҳ ба сӯи Тоҷикистон вазъи равонии хубтареро дорост; он дастаи тирози аввали қора аст, дар ҳоле ки Тоҷикистон, аз дастаҳои сатҳи сеюм хонда мешавад ва дар раддабандӣ ҷойгоҳи хеле пастеро ишғол мекунад; сомурайҳо ҳамчунин он пирӯзии пурголашонро дар ҳашт соли пеш дар баробари мо низ ба ёд овардаанд;

Ҷопон имсол, то ин дам 15 дидори тадорукотию расмӣ баргузор кардааст, ки дар нуҳтояш пирӯз омада, чаҳор бор бохта ва се дидори дигарро мусовӣ анҷом дода. Ҳарифонаш ҳам аз дастаҳои номдоре ҳамчун Боливиё, Колумбиё, Чилӣ, Эквадор… будаанд. Аммо –

ТОҶИКИСТОН

Бо ин вуҷуд ки дастаи мо навбар аст ва то кунун на чун ҷопониҳо корномаи дурахшон дорад, дар ин рақобати ҳассос аз чанд имтиёз бархурдор аст, ки қобили таваҷҷуҳанд. Нахуст омили мизбонӣ ва дастгирии мухлисони пуршӯр, ки умед аст, ҳазору ҳазорон дар истодиён ҷамъ меоянд;

Мо, агарчи чанд лигеонер дорем, аммо на чун рақиб инҳо пурфурӯғанд, мунтаҳо таҷрибаи хуби саҳнаҳои ҷаҳониро доранд ва ҳайф ки муҳраи калидии дастаи мо – Фатҳуллоҳ Фатҳуллоев ба иллати корти сурх доштан, ҳамроҳ бо баччаҳо нест. Ин дувум.

Ва севум: мутаассифона агар хато накунам, Тоҷикистон то ин ҷо танҳо 8 дидори дӯстонаю расмӣ баргузор кардааст, он ҳам аксар бо дастаҳои камҷону сатҳи паст. Ду дидори дастаи мо – бо Чин ва Қирғизистон (албатта то гол задан ба қирқизҳо!) Тоҷикистони мо савту сабки хубе намоиш дод. Дидор бо Чин, он ҳам дар меҳмонӣ агарчи дӯстона буд, аммо бегумон, тамошобинонро ба шигифт овард; дастаи мо бо камоли эътимоду итминон дар баробари ин рақиби тирози аввали Осиё ба майдон омад ва як футболи пурмуҳтавою пуррангу таҳоҷумиеро бо идеяву мақосиди якдасту ҳамнаво, бо ирояи токтику бозисозиҳои баройи ҳариф ғайриинтизору хатарнок ба намоиш гузошт, ки ҳатто мураббии чиниҳоро шефта сохт ки дар фарҷом дастаи моро таҳсин кард. Аз ин лиҳоз, ҳоло навбати дубораи намоиши маҳорату шуҷоъату дурахшиши бозикунҳоямон расида, ки бояд ҳарифи сарсахтро ба таҳлука оранд. Он гуна аз худ гузаранду даванду тапанду ҷанганд, ки ёрони рақиб дар баробари ин овардашон лаб аз ҳадис кушоянд, номашонро чун ситораҳои навтулуъ вирди забони дунёи футбол кунанд.

Мо ин дидорро интизорем ва умед дорем, ки Тоҷикистон, новобаста аз ҳар натиҷае, ба таври шоёну арзанда шаҳомату шуҷоъат намоиш медиҳад ва як сурпризеро ҷопониҳо ин бор таҷриба мекунанд…

Обид Шакурзода

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here