Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар ҳамдастӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Шоҳмансур ва Исмоили Сомонӣ ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба фаъолият оғоз кардани агрегати аввалини Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» ба оилаҳои ниёзманди ноҳияҳои Шоҳмансур ва Исмоили Сомонии Душанбе кӯмаки моддӣ расонид

Ин ширкат рӯзи 27-уми ноябр ба 430 оилаи камбизоат маводи ғизоӣ аз қабили орд, равған, қанди сафед, биринҷ, мош, ярмаи гандум, шири хушк, макарон, чой, қиёми шир, гречкаву қандинаҳо тақсми кардааст.

Ба шахсони барҷомонда, ки имкони ба дафтари кории ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» омоданро надоштанд, намояндагони ширкат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Шоҳмансур ва Исмоили Сомонӣ маводро ба манзили истиқоматиашон бурда расониданд. Зиёда аз ин, кӯмаки моддӣ ҳамчунин ба собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватании ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт низ расонида шудааст.

Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» – ягона ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон мебошад, ки ба аъзогии IATA қабул шудааст. Айни ҳол ширкати ҳавопаймоӣ парвозҳоро аз шаҳрҳои Тоҷикистон ба Олмон, АМА, Туркия, Хитой, Россия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон бо муваффақият анҷом медиҳад. Парки ширкати ҳавопаймоӣ аз ҳавопаймоҳои Боинг 737-300, -800 ва -900 иборат мебошад.

Добавить комментарий