ҶСШК  “Ресандаи Қӯрғонтеппа”, ки роҳбарии онро соҳибкори ватанӣ Нусратуло Файзулоев бар уҳда дорад, ба таври ройгон ба муасссиаҳои тандрустии шаҳри Бохтар 100 ҳазор ниқоби тиббӣ пешниҳод мекунад.

Аз Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон хабар доданд, ки ин соҳибкор тақсими ниқобҳоро ба муассисаҳои тандурустӣ ва маориф шуруъ кардааст. Ниқобҳои истеҳсоли “Ресандаи Қӯрғонтеппа” ба талаботи стандартӣ ҷавобгӣ буда, сифати хуб доранд.

Ба иттилои расида “Ресандаи Қӯрғонтеппа” ба истеҳсоли ниқоби тиббӣ шуруъ карда, дар як рӯз 7 ҳазор адад ниқоб истеҳсол мекунад. Айни замон дар корхона 150 нафар ба кор ҷалб карда шудаанд.

Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон ба Нусрат Файзуллоев барои дастгирияш изҳори сипос мекунад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here