Хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон ва ҳафтаномаи «Фараж» Саиди Ҳайдар дар Рӯзи шаҳри Хуҷанд бо сипосномаи раиси ин шаҳр қадрдонӣ карда шуд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд барои меҳнати пурсамар дар пешбурди фаъолияти касбӣ, ташаббускорию мусоидат дар рушди ҳаёти ҷомеа ва иштироки фаъолона дар чорабиниҳои ҷамъиятию сиёсӣ ва фарҳангӣ ба ифтихори 28-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи шаҳри Хуҷанд аз тарафи раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода директори генералии КВДК «Хуҷандобуканал» Носир Ғафурзода, директори маъмурияти корхонаҳои сохташавандаи МИҲД-и шаҳри Хуҷанд Шуҳрат Файзуллоев ва хабарнигори рӯзномаи «Фараж» Саиди Ҳайдар бо «Сипоснома»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд сарафароз гардонида шуданд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here