Дар доираи «Ҳафтаи кинои нави тоҷик» 7 филми ҳунарии кӯтоҳмуддати ҳуҷҷатӣ ва бадеии синамогарони ҷавон пешкаши тамошобинон ва ҳаводорони асили кинои тоҷик мегардад.

Намоиши филмҳо аз 8-ум то 15-уми декабр дар маконҳои гуногуни шаҳрҳои Хуҷанду Душанбе тариқи ройгон идома доранд.

Синамогарони ҷавон мегӯянд, ки фикру андешаи мухлисон барояшон хеле муҳим аст, то дар оянда зимни таҳияи филмҳо бамаврид аз он истифода намоянд.

Шоми гузашта дар сафорати Фаронса дар шаҳри Душанбе филмҳои ҳунарии коргардонҳои ҷавону умедбахш Шоҳҷамшед Умарӣ — «Апостол 2019» ва Файзулло Файз — «Таксӣ» пешкаши тамошобинони зиёди касбу кори гуногун карда шуд, ки писанди ҳозирин гардиданд.

Дастандаркорон мегӯянд, «Ҳафтаи кинои нави тоҷик» маҷмӯи чорабиниҳоест, ки аз лоиҳаи кинои таҷрибавии «MyVision» натиҷагирӣ мекунад. Ин лоиҳа дар якҷоягӣ бо муассисаи давлатии “Тоҷикфилм”, Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон, “СуғдСинамо” ва сафорати Британияи Кабир дар Тоҷикистон таҳия карда шудааст.

Ҳадаф аз ин лоиҳа рушди арзишҳои саноати кино ва машҳургардонии кинои ватанӣ миёни тамошобинони тоҷик ва ҳамчунин, рушди синамои ҷавони Тоҷикистон ва синамогарони ҷавони боистеъдод мебошад.

Добавить комментарий