Тайи як ҳафтаи охир овозаҳо дар мавриди маҷбурӣ шудани сиёҳкунии шишаҳои тамоми воситаҳои нақлиёти шахсӣ соҳибони мошинҳоро нигарон кардаааст. Овозаҳо бар инанд, ки маблағи сиёқунии шишаҳо аз 3,5-4 ҳазор сомонии муқарраршуда ба 800 сомонӣ расонида шуда, ҳамаи воситаҳои нақлиёти шахсӣ бояд шишаи сиёҳ дошта бошанд.

Ин овозаҳо миёни сокинон, бахусус соҳибони воситаҳои нақлиёт, сару садоҳоро ба бор оварда, баъзеҳо бар он ақидаанд, ки набояд шишаҳои мошин сиёҳ бошанд, зеро рондани чунин воситаи нақлиёт душворӣ пеш меорад. Ба қавли онҳо, бо шишаҳои сиёҳ рондан дар гардиши роҳҳо, махсусан шабона, хатарнок аст, зеро бо оинаҳои паҳлӯӣ дидани канор ва қафои мошин душвор мешавад. Илова бар ин, ба қавли сокинон, аксари қоидавайронкунӣ, беназмӣ, дуздии кӯдакону духтарони ҷавон ва ҷиноятҳои вазнини бо чунин мошинҳо амалӣ карда мешаванд. Ба андешаи онҳо бояд аз зиёд шудани мошинҳои сиёҳшиша ҷилавгирӣ кард. Агар мақсад ворид кардани маблағ ба буҷаи мамлакат бошад, бояд нархи сиёҳ кардани шишаҳои мошинҳоро баланд бардошт, то на ҳар як ҷинояткору ҷиноятпеша тавонад бо ин роҳи осон мақсадашро амалӣ созад.

Дар ҳамин ҳол сухангӯи ВКД Умарҷони Эмомалӣ дар суҳбат бо faraj.tj ҳама овозаҳоро дар мавриди арзону маҷбурӣ сиёҳ кардани шишаи нақлиёт рад кард ва гуфт, ки ин овозаҳо дурӯғе беш нестанд.

— Дар ин бора ягон фармон, қарор, ҳатто пешниҳод ҳам нест. Чунин овозаҳо ягон асоси воқеӣ надоранд, — гуфт У. Эмомалӣ.

Зимнан, овозаҳое ҳам вуҷуд доранд, ки гӯё маблағи аз мошинҳои сиёҳшиша ҷамъоваришуда барои сохтмони Роғун сарф хоҳанд шуд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here