400 нафар наваскари даъвати тирамоҳии имсола дар Маркази таълимии «Пойтахт»-и Қушунҳои сарҳадии КДАМ қасами ҳарбӣ ёд карданд.

Ба ин муносибат 10-уми ноябр дар ин Марказ бо боло баровардани байрақи ҷангӣ чорабинии тантанавӣ баргузор карда шуд.

Дар ин чорабинии мазкур муовини фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ полковник Адбуллозода Н., сардори Маркази таълимии «Пойтахт»-и Қӯшунҳои сарҳадӣ, намояндагони Хадамоти сарҳадии Федератсия Русия дар Тоҷикистон, падару модарони сарбозон ва дигар меҳмонон низ иштирок доштанд.

Полковник Абдуллозода дар назди меҳмонон ва сарбозон аз садоқату ҷасорати касбӣ, фидокориву ҷоннисории афсарону сарбозони ин ниҳод тавсиф намуда, сулҳу субботи пойдор ва зиндагии осоиштаи мардуми кишварро маҳз ба хизматҳои шабонарӯзии онҳо рабт дод.

-Мубориза  бар зидди ҳамагуна хатарҳои эҳтимолӣ, ба хусус терроризми байналмилалӣ, экстремизми сиёсӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб аз ҳар як афсару сарбоз омодабошии доимии ҳарбиро тақозо менамояд, зеро ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ, аз ҳар як фарди содиқ ва бонангу номуси ин Ватан вобастагӣ дорад. Вазифаи аввалин дараҷаи ҳар як хизматчии ҳарбӣ ин садоқат ба Ватан ва Савганди ҳарбӣ мебошад,- гуфт муовини фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ полковник Адбуллозода Н.

Ҳамчунин, падару модарон низ ба сухан баромада, аз наваскарон хизмати софдилона дар ҳифзи марзу буми кишварро тақозо карданд ва хизмати аскариро барои ҳар як ҷавон мактаби воқеии ҳаёт унвон намуданд.

Пас аз маросими савгандёдкунӣ, сарбозон ва ҳайати шахсии Маркази таълимии «Пойтахт» бо марши тантанавӣ аз назди меҳмонон гузаштанд/ Муовини Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ полковник Абдуллозода бо падару модарон ҳамсӯҳбат шуда, ба онҳо миннатдорӣ баён намуд ва ваъда дод, ки пас аз хизмат дар сафи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ фарзандонашон бо сари баланд ба назди онҳо бармегарданд.

Дар анҷом аз ҷониби ансамбли ҳарбии «Марзбон»-и ҚС КДАМ ҶТ ба иштироккунандагон концерти идона намоиш дода шуд.

Добавить комментарий