Мақомоти Индонезия эълом карданд, дар вулқони Кракатау, ки боиси вуқӯи заминларза дар дохили дарё ва пас аз он вуқӯи сунамӣ дар тангаи Сунда дар ин кишвар шудааст, шумори ҷонбохтагон ба 222 нафар афзоиш ёфта, 843 нафар зарар дидаанд.

Дар ин ҳодиса, ки субҳи якшанбе рӯй дод, даҳҳо нафари дигар ҳам гум шудаанд.

Пештар манобеи хабарӣ шумори ҷонбохтагони ин сунамиро 168 нафар ва зарардидагонро 745 нафар эълом карда буданд.

Дирӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ин ҳодиса ба президенти Ҷумҳурии  Индонезия Ҷоко Видодо барқияи тасаллият ирсол кард.

Мардуми Индонезия дар моҳҳои ахир зилзилаҳо ва сунамиҳои маргбори зиёдеро таҷруба карданд.

Зилзила ва сунамии 28 сентябр дар ҷазираи Сулавеси (Sulawesi), шимоли Индонезия 2 ҳазору 200 кушта ва ҳазор нафар беномунишон ва ҳазорон нафар бехонумон барҷо гузошта буд.

Добавить комментарий