Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ҳарчанд РВКД дар шаҳри Душанбе ҳамарӯза аз қоидавайронкуниҳои бархе аз ронандагон дар роҳҳои пойтахт, ҷаримаҳои ҳангуфт ва ҳатто аз ҳуқуқи ронандагӣ маҳрум кардани онҳо хабар медиҳад, вале ин амал боз ҳам ибрати дигарон шуда наметавонад.

Роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ иттилоъ доданд, ки дар соли 2019 дар кишвар 1212 садамаи роҳу нақлиёт ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷа 391 нафар ба ҳалокат расида, 1314 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд. Ҳарчанд гуфта нашуд, ки аз шумораи садамаҳо чанд ҳолаташ дар натиҷаи вайрон кардани қоидаи ҳаракати роҳ аз ҷониби ронандагон ба вуқуъ пайвастааст, вале пас аз он ки имрӯз, 19-уми феврал, ҳолати сабтшкдаро мушоҳида кардам, мутмаин шудам, ки ба аксари садамаҳои боис ба марги сокинон гардида, маҳз ронандагони “шумахер”-у “сармаст” гунаҳкоранд. Борҳо ҳам мушоҳида кардаем, ки ҳангоми зиёд қатор шудани нақлиёт дар чароғаки роҳнамо, ронандагони осемасар то зери камераҳои назоратӣ ба муқобили роҳ баромада ҳаракат мекунанд ва пеш аз камераҳои “Шаҳри бехатар” мехоҳанд худашонро ба қатор рост кунанд. Барои ин аз ронандаи дар қаторбуда баъзан хоҳиш ва баъзан зӯрӣ ҳам мекунанд.

Чаро мо қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намекунем? Чаро бесабру тоқат ва саросемаем?

То ҷое мушоҳида мешавад, дар шаҳрҳои калон нақлиёт соатҳо дар роҳбандӣ мемонанд, вале касе қоидаи ҳаракатро вайрон намекунаду саросема ҳам намешавад. Ронандагон якдигарро ҳурмат мекунанд, ҳарчанд шояд асабӣ ҳам шаванд, вале аз вайрон кардани қоидаи ҳаракати роҳ худдорӣ мекунанд.

Добавить комментарий