Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев барои саҳми бузургаш дар таҳкими  робитаҳо бо Ҷумҳурии Қирғизистон  аз тарафи Ҷунбиши иҷтимоии экологии “Хонумҳои Ала-Тоо” барои соли 2019  “Одами сол” эълон шуд. Маросими супурдани ин ҷоиза дар сафорати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Бишкек баргузор гардид.

Дар ин маросим аз ҷониби Ӯзбекистон  ҷонишини якуми вазири корҳои хориҷии ин кишвар Илҳом Неъматов ширкат намуд. Маросими супурдани ҷоиза ва диплом дар фазои тантанавӣ ба вуқӯъ пайваст. Дар ин бора манбаъҳои расмӣ ва мустақили қирғиз иттилоъ доданд.

Гуфта мешавад, ки бо саъй ва эҳтимоми Шавкат Мирзиёев яке аз хиёбонҳои марказии шаҳри Тошканд ба номи адиби маъруфи қирғиз Чингиз Айтматов номгузорӣ шудааст.

— Миёни Ӯзбекистон ва Қирғизистон дар айни ҳол муносибатҳои неку ҳасана ба роҳ монда шудаанд. Дар се соли охир ҳамкориҳои тиҷоратии ду кишвари ҳамҷавор ҳашт маротиба афзоиш ёфт ва ҳаҷми табодули мол то ба 800 миллион доллар боло рафт. Ӯзбекистону Қирғизистон байни худ 1 ҳазору яксаду ҳафтод километр марзҳои муштарак доранд, ки бо санадҳои расмӣ тасдиқ шудааст, — мегӯяд Илҳом Неъматов.

Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон афзуд, ки зимнан убуру мурури марзҳои ду кишвар низ  аз тарафи шаҳрвандони Ӯзбекистону Қирғизистон рӯ ба афзоиш аст.  Ба гуфтаи Илҳом Неъматов агар панҷ соли пеш теъдоди рӯзонаи убуркунандагони марзҳо 200-300 нафарро ташкил мекард, ҳоло ин рақам то ба 30 ҳазор расидааст.

— Сарфароз намудани Президенти мамлакати мо ба ин ҷоиза бозгӯи он хоҳад буд, ки миёни Ӯзбекистону Қирғизистон таҳаввулоти мусбат бештар сурат мегиранд ва робитаҳои моро боз бештар мустаҳкам менамоянд, — иброз намудааст Илҳом Неъматов.

Ба гуфтаи раиси Ҷунбиши иҷтимоии экологии “Хонумҳои Ала-Тоо” Ҷипаргул Баргибоева тасмими онҳо дар ин росто аз он маншаъ гирифтааст, ки Шавкат Мирзиёев сиёсати одилонаро пеш гирифтааст. Вай тазаккур додааст, ки муносибатҳои ин ду кишвари ҳамҷавор беш аз пеш тавсеа пайдо хоҳанд кард.

— Тақдими ҷоизаи “Одами сол” ба Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев боиси ифтихори мардуми мо аст, зеро бо ба сари қудрат омадани вай робитаҳо бо кишварҳои ҳамҷавори мо беҳбуд ёфтанд ва риштаҳои дӯстӣ дубора барқарор гардиданд. Беҳуда шоири шаҳири мо Мирзо Турсунзода нагуфтааст:

Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт,

Душманӣ орад ба мардум рӯзи сахт, — мегӯяд ба мухбири “Фараж” корманди рӯзномаи “Овози тоҷик” Саодат Бекназарова.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар робита ба сазовор гаштани Шавкат Мирзиёев ба ҷоизаи “Одами сол”-и Қирғизистон фикру назарҳои зидду нақиз низ ба мушоҳида мерасанд. Бо вуҷуди ин аксарият ба ин ақидаанд, ки сарвари давлати Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар се соли охир тамоми сардиҳои миёни кишварҳои Осиёи Марказиро аз байн бардошт ва дар барқарор ва таҳкими дӯстиву рафоқати мардуми ин минтақа нақши муассир бозид.

Аммо ба ақидаи иддае аз  коршиносон ҳанӯз баъзе масъалаҳои марзии миёни Ӯзбекистону Қирғизистон ба пуррагӣ ҳал нашудаанд ва баъзан бо ангезаи низоъҳои хурду реза аз худ дарак медиҳанд, ки бояд бо ҳусни тафоҳум бартараф карда шаванд.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here