Дар шаҳри Душанбе як мошини боркаш ба се мошини сабукрав бархӯрд кард, ки дар натиҷа ҳарсе мошин зарар диданд.

Имрӯз, тақрибан соати 12:15 дақиқа дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, кӯчаи Ҷомӣ, дар назди соҳили дарёи Душанбе мошини калони боркаши тамғаи «Шакман», рақами қайди давлатиаш ТҶ 8896 СТ 01, бо се мошини сабукрав «Опел астра», рақами қайди давлатиаш ТҶ 3738 ЕЕ 01, «Опел дути», рақами қайди давлатиаш ТҶ 2196 ЕМ 01 ва як таксии 3333 бархӯрда, дар натиҷа ҳар се мошин зарар диданд. Хушбахтона, мусофирон ягон осеб надидаанд.

Аз рӯи ин ҳодиса парванда оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Нури Саид

Добавить комментарий