Кормандони Раёсати минтақавии гумрук дар вилояти Суғд ба миқдори 750 кг шакари истеҳсоли Ҷумҳурии Қирғизистонро бидуни ҳуҷҷатҳои гумрукӣ боздошт намуданд.

20- уми августи соли ҷорӣ равон кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд дар ҳамбастагӣ бо кормандони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд зимни амалиёти муштарак воситаи нақлиёти тамғаи “Опел-Астра”, рақами қайди давлатиаш 5064 СС02-ро, ки таҳти ронандагии шаҳрванд М.Ӯ., соли таваллудаш 1994, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҷамоати деҳоти Хистеварз, кӯчаи Низомӣ қарор дошт, барои азназаргузаронӣ боздошт намуданд.

Ҳангоми азназаргузаронӣ дар бордони воситаи нақлиёти мазкур ба миқдори 750 кг шакари истеҳсоли Ҷумҳурии Қирғизистон муайян карда шуд, ки ин миқдор мол ба шаҳрванд М.Ӯ. тааллуқ дошта, номбурда онро аз ҳудуди Ҷумҳурии Қирғизистон харидорӣ намуда, мехост бе ҳуҷҷатгузории гумрукӣ интиқол диҳад.

Ҳамин тавр шаҳрванд М.Ӯ. бо ин кирдори худ ҳуқувайронкунии маъмурии дар моддаи 577-и Кодекси ҳуқувайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо содир намудааст.

Дар асоси гуфтаҳои боло ва бо дастрасии моддаҳои 81, 82 ва 86-и Кодекси ҳуқувайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати мавсуф мутобиқи моддаи 577-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқувайронкунии маъмурӣ оғоз гардидааст.

Добавить комментарий