Маркази ноҳияи Шаҳритуз пур аз партов аст, вале раиси ноҳияаш мегўяд, ки вазъ дар  маркази ноҳия, нисабти солҳои гузашта хеле хуб аст.

Раиси ноҳияи Шаҳритуз Оймаҳмадзода Рамазон дар нишасти матбуотиаш гуфт, ки ҳар рӯз дар кӯчаҳои маркази ноҳия сайру гашткарда, аз вазъи ноҳия ба хубӣ огоҳ мебошад ва ҳар ҳафта шанбегиҳо гузаронида, марказро аз партовҳо тоза мекунем

Аммо мо худ шоҳиди он гаштем, ки дар назди биноҳои баландошиёнаи ноҳия партовҳои зиёд мавҷуданду сокинон аз он нигаронанд.

Аз вазъи партовгоҳои ноҳияи мазкур рӯзи 16 январи соли 2018 дар нашрияи «Фараж» маводе таҳти унвони “Шаҳритуз макони партов аст” нашр карда будем, аммо бо гузашти қариб ду моҳ то ҳол вазъ дигар нашудаасту марказ пур аз партову ифлосиҳо  аст.

Масуълонро мебояд сари ин масъала чораҷӯӣ кунанд, маркази ноҳияро аз партвҳо тоза намоянд, зеро барои дидани маконҳои таърихии ин ноҳия, аз қаблил Хоҷамашҳаду Хоҷадурбод сайёҳон аз хориҷ ва дохили кишвар меоянд.

Раҳмоналӣ Додархӯҷаев

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here