Ташкилоту идора ва корхонаҳои шаҳри Кӯлоб дар назди нозироти андози шаҳр зиёда аз 117 миллион сомонӣ қарздор мебошанд, ки аз он 97 миллионаш қарзи мушкилситон аст.

Бино ба иттилои муовини роҳбари  нозироти андози шаҳри Кӯлоб Убайдулло Қурбонов аз 117 миллион қарзе, ки ташкилоту идора ва корхонаҳо дар назди нозироти андози шаҳр доранд, 20 миллиону 38 ҳазору 680 сомониаш қарзҳои ҷорӣ буда, боқӣ 97 миллион қарзҳои мушкилситон ва баҳснок  мебошанд.

Ба гуфти манбаъ, Корхонаи обу корез 9 миллион сомонӣ, ҶСП «Сомон Кӯлоб Тоҷиказот” 1 миллиону 990 ҳазор сомонӣ,  Корпоративи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ 1 миллиону 874 ҳазор сомонӣ, ташкилоту идораҳои буҷетӣ 2 миллиону 925 ҳазор сомонӣ аз андоз қарздоранд.

— Барои баргардонидани қарзҳо аз корхонаҳои мазкур тамоми чораҳо андешида шудааст, — илова кард номбурда.

Убайдулло Қурбонов зикр кард, ки дар 5 моҳи соли равон даромади буҷети ноҳия беш аз 89 дарсад иҷро шудааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here