Дар Ӯзбекистон наздики 4 ҳазор одам, танҳо ба хотири он ки шабонгоҳ сайру гашт кардаанд,  боздошт ва ҷарима шуданд. Мақомоти ин кишвар мегӯяд, ки аксари боздоштшудаҳо як шабонарӯз дар маҳбас нигаҳдорӣ шуда, баъди ҷарима раҳо гаштаанд. Бо боқимондаҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ сурат гирифтааст.

Як вакили дифоъ аз шаҳри Урганҷ, ки нахостааст номаш зикр шавад, гуфтааст, кормандони мақомот барои боздошти наздики 4 ҳазор одам, танҳо ба хотири он ки шабонгоҳ сайру гашт мекунанд, асоси ҳуқуқӣ надоштанд.

“Қонунгузории Ӯзбекистон “бе ҳадаф сайру гашт кардан”-ро ҷиноят ё қонуншиканӣ баҳо надодааст. Агар дар кишвар ҷанг набошад ва қуюди шабгардӣ эълон нашуда бошад, шабгардӣ қонуншиканӣ нест. Ҳар шаҳрванд ҳақ дорад дар ҳар соати шабонарӯз дар шаҳр, бе ҳадаф, ё бо ҳадаф, равуо кунад. Ин рафтори милиса ва прокурори вилояти Хоразм ноогоҳии ҳуқуқии онҳоро ба намоиш гузошт”, — гуфтааст вакили дифоъ.

Дар ҳамин ҳол, вазорати корҳои дохилии Ӯзбекистон хабар додааст, ки милистсияи вилояти Хоразм аз ҳадди салоҳиятҳояш берун рафта, ҳуқуқи шаҳрвандонро поймол кардааст.

“Онҳо дастур нагирифта буданд, ки шаҳрвандонро боздошт кунанд. Ин корро худсарона кардаанд. Дар иттилоияи худ онҳо боздоштшудаҳоро бар ғалат бе ҳадаф гаштугузоркунанда навиштаанд. Табиист, ки боздошти наздики 4 ҳазор одам дар ҷомеа сару садо ба бор овард, аммо аз сӯи дигар он шаб дар вилояти Хоразм чор одами дар ҷустуҷӯ буда боздошт шуданд”, — хабар додааст ВКД-и Ӯзбекистон.

Добавить комментарий