АМВАОТ (Ассотсиатсияи миллии воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон) барои хабарнигорони телевизион ва нашрияҳои кишвар дар мавзӯи «Шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамчун хатар ба амнияти истифодабаранда ва давлат» дарси маҳорат доир кард.

Чорабинии мазкур тайи ду рӯз (26-27-уми март) дар бинои Академияи ВАО баргузор гардида, ба ҳайси мураббӣ доктори илмҳои иқтисод, профессор ва собиқ ноиби Академияи муносибатҳои дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Русия Андрей Зибкин даъват гардид.

Масъулин ҳадафи баргузории чунин дарсҳоро омӯзиш ва огоҳсозии истифодабарандагон, бахусус рӯзноманигорон аз ҷиҳатҳои мусбату манфии шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо (мессенҷер) арзёбӣ карданд.

Мушкилоти бастани вебгоҳҳои интернетӣ ва имкониятҳои полоиш (филтратсия)-и он, усулҳои муҳофизати майдони иттилоотию равонии ҷомеаву давлат, VPN (саддшикан) ва усулҳои сайтбандӣ, таҷрибаи бехатарии иттилоотии Русия, Чин ва давлатҳои дигари дунё, намуд ва усулҳои таъсиррасонӣ ба истифодабаранда дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз мавзуъҳои муҳиме буданд, ки ширкаткунандагон имконият пайдо карданд аз он баҳравар шаванд.

Добавить комментарий