Дар натиҷаи садамаҳои рӯзи 25-уми декабр, ки дар роҳҳои кишвар рух доданд, ду пиёдагард ва як ронанда ба ҳалокат расида, чанд тани дигар захм бардоштанд.

Рӯзи 25-уми декабри соли 2018, тахминан соати 18:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” Самадов Сино Абдулҳадович, соли таваллудаш 1988, сокини ноҳияи Данғара, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Данғара ба самти шаҳри Бохтар, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Корез аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Қурбонова Нуринисо Ҳайётовна, соли таваллудаш 1979, сокини деҳаи Паркамчии ҳамин ноҳияро зер кардааст. Дар натиҷа, пиёдагард Қурбонова Н.Ҳ. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Ҳамчунин, дар ҳамин рӯз, тахминан соати 16:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс” Шеров Алихон Боҳтурхонович, соли таваллудаш 1991, сокини деҳаи Сафобахши ноҳияи Данғара, ҳангоми ҳаракат кардан аз самти ноҳияи мазкур ба самти шаҳри Душанбе, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи ронанда Шарифов Орзу Искандарович, соли таваллудаш 1973, сокини шаҳри Кӯлоб, бархӯрдааст. Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс” Шеров А.Б. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” Шарифов О.И. ва мусофиронаш Ҳакимов Шаҳриёр Шарифович, соли таваллудаш 2000 ва Каримова Маҳбуба Самариддиновна, соли таваллудаш 1992, сокинони шаҳри Кӯлоб, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Худи ҳамин рӯз, тахминан соати 19:30, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс” Одинаев Фирдавс Сафарбекович, соли таваллудаш 1994, сокини шаҳри Роғун, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Ваҳдат-Рашт-Лахш”, дар ҳудуди километри 31-ум бехатарии ҳаракати роҳро риоя накарда, пиёдагард Юсуфов Меҳриддин Насриддинович, соли таваллудаш 1984, сокини ноҳияи Файзободро зер кардааст. Дар натиҷа, Юсуфов М.Н. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Добавить комментарий