Сармурабии клуби футболи “Истиқлол” баъди бозӣ бо дастаи “Зоб Оҳан” аз вазифаи худ канор рафтааст.

Дар идомаи ҳафтаи ҳафтуми рақобатҳои футболи Лигаи бартари Эрон (Ҷоми Халиҷи Форс) ду даста — “Истиқлол” ва «Зоб Оҳан” бо ҳам бозӣ карданд, ки натиҷаи ин вохӯрӣ мусовӣ — 1:1 ба охир расид. Дар анҷоми ин дидор Алиризо Мансуриён аз сармурабигии дастаи “Истиқлол” истеъфо дод. “Истиқлол” бо 5 имтиёз дар ҷойи охири ҷадвал қарор дорад. Аз ҳамин хотир баъд аз шиорпартоии мухлисон сармураббӣ тасмим гирифтааст, ки аз вазиафааш канор равад. 

 

 

Добавить комментарий