Раиси ноҳияи Тоҷикобод Маҳмадшозода Ҳамидулло Ғайратшо имрӯз, 20-уми май, дар синни 50-солагӣ аз дунё даргузаштааст. Раиси дастгоҳи ноҳияи мазкур Акбарзода Назрвалӣ дар як тамоси телефонӣ гуфт, марҳум ду рӯзи охир бемор ва дар хона табобат мегирифт. “Имрӯз соати 11:20 вафот кард”. Акбарзода гуфт, сабаби марги раиси ноҳияро намедонад ва бояд онро аз табибон пурсид.

Сардухтури беморхонаи ноҳияи Тоҷикобод Насим Шарипов гуфт, Маҳмадшозода Ҳамидулло бемории қанд ва фишорбаландӣ дошт ва дар хона табобат мегирфт ва зери назорати табибон қарор дошт. Ба гуфтаи Шарипов, шаби гузашта якбора аҳволи марҳум бад ва фишори хунаш ба 188\122 баланд ва меъёри қанд дар хун ба 9 баробар гардид.

– Натиҷаи хулосаи тиббие, ки табиби табобатияш муайян кардааст, феълан “буҳрони гипертоникӣ” ва бемории қанд аст, – гуфт сардухтури беморхонаи марказии ноҳияи Тоҷикобод Насим Шарипов.

Бо он ки марҳум боре барои муайян кардани бемории коронавирус “озмоиш насупоридааст, аммо табиб Шарипов вуҷуди бемории мазкурро дар бадани Маҳмадшозода рад мекунад ва мегӯяд, ки се-чор  рӯзи охир бо марҳум тамос дошт ва аз аҳволаш огоҳ буд. “Ягон нишонаҳои коронавирус мушоҳида намешуд”.

Сардухтур гуфт, бо он ки медонад фавти раиси ноҳия аз вируси нав нест, онҳо ҳама қоидаҳои санитарию эпидемиологии тавсияҳои Кумитаи динро вобаста ба намози ҷаноза риоя хоҳанд кард.

Ин дар ҳолест, ки як манбаи огоҳ аз қазия бо шарти ифшо нашудани номаш гуфт, мардум аз олудашавии Маҳмадшозода Ҳамидулло ба коронавирус мегӯянд, зеро марҳум ҳафтаи қабл аз Душанбе ба ноҳия баргаштааст ва пас аз чанде аҳволаш бад шудааст.

Гуфта мешавад, ҷанозаи марҳум имрӯз, соати 17, дар зодгоҳаш, деҳаи Нушори поёни ноҳияи Тоҷикобод, баргузор мегардад.

Ёдовар мешавем, ки раиси ноҳияи Тоҷикобод Маҳмадшозода Ҳамидулло то имрӯз аз баландпоятарин мансабдори расмии ҳукумати Тоҷикистон аст, ки қурбони авҷи пневмония ва коронавирус шудааст, ҳарчанд ин ҳолатҳо аз ҷониби мақомот расман шарҳ дода намешаванд. Қаблан дар бораи даргузашти чанд мансабдори собиқ, аз ҷумла муовини собиқи сарвазир генерал-лейтенант Абдураҳмон Азимов, муовини собиқи вазири мудофиа генерал-майор Абдулназар Абдуласанов, вазири собиқи амният Саиданвар Камолов гузориш шуда буд.

Ба ҳисоби расмии вазорати тандурустӣ, то шоми 19 май дар Тоҷикистон 1936 ҳолати гирифторӣ ба коронавирус ва 43 мавриди марг аз ин беморӣ сабт шудааст. Манбаъҳои ғайрирасмӣ шумораи гирифторон ва қурбониёни коронавирусро дар Тоҷикистон ба маротиб бештар рақам мезананд.

Маҳмадшозода Ҳамидулло Ғайратшо аз 23 ноябри соли 2018, тақрибан якуним сол боз раҳбарии ноҳияи Тоҷикободро бар ӯҳда дошт.

Ӯ соли 1970 дар деҳаи Нушори поёни ноҳияи Тоҷикобод дар оилаи хизматчӣ таваллуд ёфтааст. Солҳои 1988-1990 дар сафҳои Қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шуравӣ хизмат кардааст. Соли 1990 ба Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 1995 бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм намудааст. Баъдан барои гирифтани ихтисоси дуюм соли 1997 ба факултаи гидромелоративии Донишгоҳи мазкур дохил шуда, соли 2002 баъди хатми он соҳиби ихтисоси муҳандис-гидротехник гардидааст. Фаъолияти меҳнатии Маҳмадшозода Ҳамидулло Ғайратшо соли 1993 дар Вазорати мелиоратсия ва хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфтааст. Солҳои 1993-1995 вазифаи иқтисодчӣ, солҳои 1995-2000 вазифаи сармуҳосибро дар Вазорати мазкур ба уҳда доштааст.

Аз соли 2000 то соли 2003 вазифаи муовини сардори Раёсат оид ба обҳои нӯшокӣ, солҳои 2003-2006 сармуҳосиби Сарраёсати обҳои нӯшокӣ, аз соли 2006 то соли 2012 вазифаи Сардори иттиҳодияи таъмиру истифодабарии мелоративӣ, солҳои 2012-2014 вазифаи сардори Раёсати захираҳои оби Вазорати номбурдаро мувафақона пеш бурдааст.

Аз соли 2014 то соли 2018 ба сифати сардори Раёсати беҳдошти замин ва обоёрии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа кардааст. Аз моҳи январи соли 2018 то 23-ноябри соли 2018 сардори Раёсати беҳдошти замин ва обёриро дар водии Ҳисор ба зимма дошт. Оиладор сохиби 4 фарзанд мебошад.

Номбурда бо фармони президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 ноябри соли 2018 иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Тоҷикобод таъин гардид.

Добавить комментарий