Суди вилояти Суғд шаш корманди зиндони рақами сеи шаҳри Хуҷандро, ки шаби 7-уми ноябр шоҳиди ошӯби хунин шуда буданд, ба ҳабс гирифтааст. Дар миёни онҳо сардори шуъбаи низоми зиндон Фарҳод Садиров,низ будааст.

Аз ин пеш сардори зиндон Файзулло Сафарзода,дастгир ва бо қарори суд барои ду моҳ ба боздоштгоҳи мувақатӣ интиқол ёфт. Сафарзода 15-уми ноябр аз вазифа барканор гардид ва дарҳол бо қарори суд ба ҳабс гирифта шуд.

Хабаргузории «РО» дар Тоҷикистон менависад, ки ба иттилои суд, алайҳи Файзулло Сафарзода, Фарҳод Садиров ва 5 ҳамкори онҳо бар асоси моддаи 322, қисми 2-и Кодекси ҷинояти Тоҷикистон — «Хунукназарӣ, ки аз беэҳтиётӣ боис ба марги инсон ё дигар оқибатҳои вазнин гаштааст», парванда боз шудааст. Ин модда дар сурати исботи гуноҳ ҷарима ва ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ солро дар назар дорад.

Добавить комментарий