Нашрияи Independent бо ишора ба наслкушии мусулмонон дар Мянмар гузориш дод, ки низомён ва шабаҳи низомёни ин кишвар теъдодеро зинда сӯзонда ва ё сари онҳоро аз бадан ҷудо кардаанд.

Бар асоси изҳороти шоҳидони айнӣ, кӯдакони Рохиния ба дасти неруҳои низомӣ ва ҷангҷӯён дар Мянмар сарашон барида шудааст ва чандин тани дигар низ зинда сӯзонда шудаанд.

Дар ин гузориш гуфта мешавад, ки низомиён ва ҷангҷӯёни Мянмар даст ба қатли оми мусулмонони ин кишвар задаанд. Дар ин хушунати хунин наздики 60 ҳазор мусулмони Мянмар ба ҷониби Банғола фирор кардаанд, аммо мақомоти Банғола марзҳоро ба рӯи гурезаҳо баставу гуфтаанд, ки тавони қабули бештари паноҳҷуёнро надоранд.

Вазири хориҷаи Биритания, президенти Туркия, вазири хориҷаи Индонезия хостори поён хушунатҳо дар ин кишвар шудаанд ва аз президенти ин кишвар, ки барандаи Ҷоизаи сулҳи Нобел аст, талаб карданд, ки даст аз қатли оми мусулмонҳо бардорад.

Давлати Мянмар иддао мекунад, ки 400 нафар аз неруҳои низомӣ низ кушта шудаанд, аммо афроде, ки дар ҳоли фирор буданд аз хушунати ваҳшатноки сарбозони артиши Мянмар ва дигар гурӯҳҳои ҷанганда сухан мегӯянд.

Абдурраҳмони 41-сола ба як муассисаи хайрия гуфтааст, ки аз як ҳамлаи 5-соата ба рустои Чути пойин зинда мондаву фирор кардааст. Вай гуфтааст, ки як гурӯҳ аз мардони Рохинияро дар як кулбаи чӯбӣ ҷамъ кардаву сипас оташ задаанд. Бародараш дар миёни онҳо будааст, ки кушта шудааст.  «Дигар аъзои хонаводаамро дар заминҳои атроф пайдо кардам. Рӯйи баднашон ҷойи гулӯла ва буридагӣ буд. Дуто аз бародарзодаҳоям бидуни сар буданд» — нақл кардааст ӯ.

Наворҳои моҳвораӣ, ки дидбони ҳуқуқи башар мунташир кардаааст, нишон медиҳанд, ки танҳо дар як деҳа 700 хона ба оташ кашида шудаву ба хокистар табдил шудаанд.

Мусулмонони Рохиния, ки ҳудуди як миллион нафар дар Мянмар ҳастанд, дар аёлати Рохин дар ғарби Мянмар зиндагӣ микунанд. Ин қавм аз ҳеч ҳуқуқи шаҳрванди Мянмар бархурдор нестанд, зеро Мянмар онҳоро шаҳрванди ин кишвар ҳисоб намекунад ва мӯътақид аст, ки онҳо бояд ба Банғола бозгардонда шаванд.

Добавить комментарий