Суди гарнизони ҳарбии шаҳри Хоруғ Абдуллоев Бахтовар Нуралиевичро дар латукӯб ва ҳалокат расонидани ҳамхизматаш Ёдгорзода Абдуқаюм гунаҳгор дониста, ба 13 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард.

Ин ду сарбоз дар қисми ҳарбии Қушунҳои сарҳадии КДАМ дар ноҳияи Ванҷ адои хизмати аскарӣ мекарданд. Марҳум Ёдгорзода Абдуқаюм баҳори соли равон ихтиёран аз Комиссариати ҳарбии ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон ба сафи қувваҳои мусаллаҳи кишвар сафарбар гардида буд. Абдуллоев Бахтовар бошад, зодаи маҳаллаи Заҳматободи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе буда, шаш моҳ қабл аз марҳум ба аскарӣ рафтааст.

Кӯшиши зиёди гирифтани тамос ва фаҳмидани ҷузъиёти ҳодиса бо судяи Суди гарнизони ҳарбии шаҳри Хоруғ Манзаршоҳ Ошурбек, ки парвандаро баррасӣ мекард, бенатиҷа анҷом ёфт, аммо тибқи иттилои як манбаъ аз прокуратураи ин гарнизон, судшаванда иқрор шудааст, ки амали латукӯби ҳамхизматашро худаш танҳо анҷом додааст ва аз карда сахт пушаймон шудааст.

Ёдовар мешавем, ҷасади Ёдгорзода Абдуқаюми 19-соларо нимаи дуюми рӯзи 21-уми август, дар рӯзи Иди Қурбон афсарони қисми ҳарбии мазкур ва намояндагони мақомоти маҳаллии ноҳияи Панҷ ба наздикон расониданд ва худи ҳамон рӯз ба хок супурда шуд.

Прокуратураи ҳарбии гарнизони Хоруғ нисбати ин ҳодиса бо ду моддаи Кодекси ҷиноятии ҶТ-373 қ. 2 банди “д” — «Вайрон кардани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои  байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбӣ дар ҳолати набудани тобеияти хизматӣ дар байни онҳо» ва 110 қ. 3 — «Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ» банду баст карда, ба суд ирсол намуд.

Ин ду моддаи Кодекси ҷиноятӣ ба шахси гунаҳкор аз 5 то 10 ва аз 12 то 15 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Дар акс марҳум Ёдгорзода Абдуқаюм ва лаҳзаи ба хоксупории ӯ

Добавить комментарий