Хадамоти назорати давлати бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати ҶТ мегӯяд, соли гузашта дар дар натиҷаи ҳодисаҳои нохуш 20 нафар ҳалок ва 20 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштаанд.

Сардори ин ниҳод Раҳим Санъат Асо зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки дар 2140 корхона ва 9857 адад иншооти ба қайдгирифташуда соли 2018-ум 31 ҳодисаи нохуш ва 2 садамаи истеҳсолӣ ба қайд гирифта шудааст.

Бино ба гуфтаи номбурда, дар сохтмони иншооти НБО «Роғун» 6 нафар ба ҳалокат расида, 7 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд, ки аз ҳисоби ҷароҳатбардоштаҳо 2 нафараш шаҳрванди Чин будаанд.

Ҳамчунин, гуфта шуд, соли гузашта аз ҷониби хадамот 401 назорати техникӣ анҷом дода шуд, ки аз ин ҳисоб 30-тояш нақшавӣ ва 371 назорати ғайринақшавӣ будааст. “Дар рафти санҷишҳо 287 нафар шахси масъули корхонаҳо ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, ба маблағи 467 900 сомонӣ ҷарима карда шуданд”.

Добавить комментарий