Дар масҷидҳои кишвар бар иловаи «Сандуқҳои хайрия», ки доимӣ фаъол буданд, қуттиҳои дигар низ бо навиштаҷоти «Садақаи Фитр» пайдо шудаанд.

Сандуқҳои мазкур имрӯз, 31-уми май зимни намози ҷумъа дар саҳни масҷиди «Қарамиршикор»-и шаҳри Душанбе, маъруф ба маҳаллаи «Текстил» гузошта шуда буд, вале ба мушоҳида мерасид, ки «мизоҷ» надоштанд.

Шӯрои уламои Маркази исломии кишвар андозаи фитри рӯзаи имсоларо барои як нафар панҷ сомонӣ (барои афроди доро 48 сомонӣ) муқаррар кард. Ба гуфтаи ин ниҳод, фитри рӯза қаблан  ба шахсони воқеан ниёзманд намерасид ва бештари намозгузорон ин садақаро ба рӯҳониён ҳадя мекарданд.

Тибқи хабарҳо, масъулини ҷамоату маҳаллаҳо дар Тоҷикистон аллакай ба ҷамъоварии фитри рӯза аз мардум пардохтаанд. Ба гуфтаи масъулин, онҳо рӯйхати оилаҳои камбизоат ва маъюбону ятимонро дар даст доранд ва фитри рӯза маҳз ба шахсони ниёзманд расонда хоҳанд шуд.

Ин дар ҳолест, ки сокинон ба кӣ додани садақаи фитрро ихтиёри худ медонанд ва мегӯянд, масъулин набояд ба ин кор дахолат кунанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here