Аз Сафорати Тоҷикистон дар Русия ба АИ «АП» гуфтаанд, ки ҷавони ҳаммоли дар маркази савдои «Москва» латукӯбшуда зинда аст, аммо дар ҳоли вахим қарор дорад.

Сокини ноҳияи Балҷувон Наврӯз Зикирови 27-сола, ки аз ҷониби посбонҳои МС «Москва» латукӯб шуда буд, дар бемористони №68 будааст. Кормандони сафорати аллакай ба бемористон рафтаанд ва аз қавли табибон гуфтаанд, ки ҳолати ҷавон вазнин будааст.

 

Қабл аз ин гуфта мешуд, ки ҷавон бар асари латукӯб ба ҳалокат расидааст. Маълум шудааст, ки Зикиров зарбаи мағзӣ гирифтааст ва дар ҳолати вахим аст. Зимнан, дар хабарҳои эълоншуда ҷабрдидаро Наврӯз Каримов муаррифӣ карданд, аммо Сафорати Тоҷикистон дар Маскав мегӯяд, ки ин ҷавон Наврӯз Зикиров ном дорад. 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here