Сафири нави Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Мэрилин Йосефсон, ки ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон эътимодномаи худро супурд, вазифаи худро ба ҳайси сардори намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври расмӣ оғоз кард. 

Зимни маросими эътимодномасупорӣ Эмомалӣ Раҳмон ҳамкориҳои деринаву пурсамари миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупоро баланд арзёбӣ намуда, изҳори умед карданд, ки дар оянда муносибатҳои тарафайн дар бахшҳои мухталиф,  муҳим ва мутақобилан судманд боз ҳам рушд меёбанд.

Сафир Йосефсон аз номи Иттиҳоди Аврупо ҷониби Тоҷикистонро ба муносибати дастоварди калон — ба кор даровардани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии “Роғун” табрик карда, гуфт, ки  ӯ кӯшишҳо ба харҷ медиҳад то Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон бо ҳам пайвастатар гарданд ва ӯ дар самти таҳким ва густариши муносибатҳои ҳамаҷониба фаъолона кор хоҳад кард. Ӯ гуфт: «Ҳамкории самараноки Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон дар ҳақиқат на танҳо матлуб, балки муҳим аст. Мо якҷоя бо мушкилоту ситезаҳои муштарак рӯ ба рӯ ҳастем. Хусусан ман инҷо дар назар сулҳу амниятро, тағйирёбии иқлим, идоракунии устувори захираҳои обию энергетикӣ, навоварӣ ва пешравии технологӣ, тараққиёти баробару устувор ва рушди тартиботи байналмилалӣ мабнӣ бар қоидаҳо, волоияти қонун ва ҳуқуқҳои инсонро дорам. Ҳар ду ҷониб дар ин самт метавонанд саҳми арзандаи худро гузоранд. Бо идома додани ҳамкориҳои зич дар сатҳҳои дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалӣ атрофи мавзӯъҳои мухталиф ба мо имкон медиҳад, ки ободию бехатарию устувории халқҳоямонро ва ҷомеаҳои худамонро таъмин намоем». Охири ин ҳафта дар шаҳри Брюссел ҷаласаи Шӯрои ҳамкории миёни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон ва вохӯрии Вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо ва давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мегарданд. Ин чорабиниҳои муҳим ба мо имкон медиҳанд, ки дар якҷоягӣ оиди роҳҳои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳоямон дар соҳаҳои мазкур андешаронӣ намоем.

Қаблан хонум Йосефсон дар Намояндагии доимии Шветсия дар назди Иттиҳоди Аврупо дар шаҳри Брюссел кор мекард. Ғайр аз ин, ӯ таҷрибаи бойи меҳнатиро дар Хадамоти корҳои хориҷии Аврупо ва Созмони Миллали Муттаҳид ба даст овардааст.

Иттиҳоди Аврупо аз 28 давлати узв иборат буда, дар дунё донори бузургтарин аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон бештарин ҳиссаи кӯмаки дутарафаро аз Иттиҳоди Аврупо дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба маблағи 251 млн. евро барои солҳои 2014-2020 мегирад. Дар ин давра, ҳамкориҳои баҳри тараққиёт байни Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон асосан се соҳаи зеринро дар бар мегирад: маориф (асосан таҳсилоти миёнаи умумӣ ва касбомузии ибтидоӣ), тандурустӣ (асосан сатҳи кӯмаки аввалияи тиббӣ ва маблағгузории соҳаи тандурустӣ) ва рушди деҳот (дастгирии ислоҳоти аграрӣ, сабзиши соҳибкорӣ дар деҳот, ислоҳот дар бахши обёрӣ ва захираҳои об, инчунин мусоидат ба идоракунии захираҳои табиӣ). Инчунин, ИА Тоҷикистонро дар татбиқи ислоҳоташ дар системаи идоракунӣ, сиёсати тиҷоратӣ ва идоракунии молияи давлатӣ дастгирӣ мекунад. 

Ғайр аз ин, Тоҷикистон аз кӯмакҳои минтақавӣ ва мавзӯъӣ дар соҳаҳои зерин  баҳра мегирад, аз чумла идоракунии сарҳадот, назорати маводи нашъаовар, маориф, демократия ва ҳуқуқи инсон, рушди сохторҳои ғайридавлатӣ, нерӯ, нақлиёт, сабзиши корхонаҳои хурду миёна, сулҳу субот, захираҳои обӣ, ҳифзи муҳити зист ва амнияти ҳастаӣ. Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон аз соли 1992 инҷониб фаъолият намуда, барои рушди мамлакат ҳамасола ба таври маҷҷонӣ тақрибан 35 млн. евро кӯмак мерасонад.

Добавить комментарий