Ба зиёда аз 65 нафар хамткунандаи курсҳои махсуси маркази таълимии «Пойтахт»-и Қушунҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ шаҳодатномаи прапоршикӣ супорида шуд.

Дар чорабинии тантанавие, ки охири ҳафтаи гузашта ба ин муносибат баргузор гардид, фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, муовини фармондеҳ оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ полковник Мирзоев Б., сардори Маркази таълимии «Пойтахт»-и Қӯшунҳои сарҳадӣ полковник Мирзозода А., намояндагони Хадамоти сарҳадии Федератсия Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқадорони Қӯшунҳои сарҳадӣ ва падарону модарони сарбозон иштирок доштанд.

Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ хатмкунандагонро  барои гирифтани рутбаи прапоршикӣ табрик гуфта, афзуд, ки сол то сол сатҳи таъминоти моддиву техникӣ ва шароити иҷтимоии хизматчиёни низомӣ беҳтар шуда истодааст.

-Таъмиру навсозии Маркази таълимии «Пойтахт» далели равшани ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  нисбат ба ҳайати шахсии Қӯшунҳои сарҳадӣ ва таҳкими низоми ҳифзи сарҳади давлатӣ мебошад,-иброз дошт Раҷабалӣ Раҳмоналӣ.

Ҳамчунин, ҳайати шахсии маркази таълимии «Пойтахт»-и Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ бо марши тантанавӣ аз назди меҳмонон гузаштанд ва аз ҷониби хатмкунандагон намудҳои машқҳои тан ба тан намоиш дода шуд.

Гуфта шуд, ки хамткунандагони курсҳои прапоршики ҳамчун мутахассисони хурди соҳаи сарҳадӣ барои давом додани хизмати ҳарбӣ ба тамоми ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ сафарбар карда мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки Маркази таълимии «Пойтахт» пойгоҳи асосии таълимию бозомӯзии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва то имрӯз дар он шумораи зиёди сарбозони навдаъват, мутахассисони ҳарбии махсус, аз қабили минаҷӯён, алоқачиён, кинологҳо, ронандаҳо, нишонзанҳо ва тирандозон ба бозомӯзию таълим фаро гирифта шудаанд.

Добавить комментарий